ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 "Дар бораи энергетика" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000, № 11, мод. 504; соли 2005, № 12, мод. 633) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 7:
- номи модда дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика";
- қисмҳои якум ва дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"Мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика (минбаъд - мақомоти ваколатдор) аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Низомномаи мақомоти ваколатдор ва сохтори онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.";
- қисмҳои сеюм ва чорум хориҷ карда шаванд;
- қисми панҷум қисми сеюм ҳисобида шуда, дар он калимаҳои "Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон: ба калимаҳои "мақомоти ваколатдор инҳо мебошанд:" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 8:
- дар қисми якум калимаҳои "Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "роҳбари мақомоти ваколатдор" иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои "мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.
3. Дар ном ва матни моддаи 9 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.".
...