ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, № 12, кисми 1. мод. 688, мод. 689; соли 2005, № 12, мод. 629; соли 2006, № 7, мод. 341) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 32:
- қисми 4 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"4. Танҳо дар ҳолатҳои мукаррарнамудаи қисми 3 ҳамин модда хангоме, ки нархи молҳо (корхо, хизматрасониҳо) ба тарафи зиёдшавӣ ё ба тарафи камшавӣ зиёда аз 30 фоиз нархи бозории молҳо (корҳои, хизматрасониҳои) шабеҳ (якхела) майл кунад, мақоми андоз ҳуқуқ дорад оид ба азнавҳисобкунии андоз бо назардошти нархи бозории молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) дахлдор, ки мутобиқи ҳамин модда муайян гаштааст, қарори асоснок қабул намояд.
Нархи бозорӣ бо назардошти мукаррароти пешбининамудаи кисмҳои 5-1 ва 14 ҳамин модда муайян карда мешавад. Ҳамзамон иловахо с тахфифхои муқаррарӣ ба нарх ҳангоми бастани аҳдҳо байни шахсони мутақобилан вобаста набуда низ ба назар гирифта мешаванд. Аз ҷумла, тахфифҳое, ки дар натиҷаи омилҳои зерин ба миён омадаанд, ба назар гирифта мешаванд:
1) тағйирёбии мавсимӣ ва дигар тағйирёбии талабот нисбат ба молҳо (корҳо, хизматрасониҳо);
2) гум шудани сифат ё дигар хусусиятҳои истеъмолии молҳо;
3) гузаштани (наздик шудани санаи гузаштани) мӯхлати коршоямӣ ё фурӯши (таҳвили, рӯхсат додани) молҳо;
4) сиёсати маркетингии тарафҳои аҳд, аз ҷумла ҳангоми баровардани молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) нав ба бозор, ки монанди худро надоранд, инчунин ҳангоми баровардани молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ба бозорҳои нав;
5) фурӯши (таҳвили) навъҳо ва намунаҳои таҷрибавии молҳо бо мақсади шиносоии истеъмолкунандагон бо онҳо";
- ба қисми 11 сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шавад;
"Нархи бозории мол (кор, хизматрасонӣ) метавонад бо истифодаи усули баинобатгирии нархи таҳвили минбаъда ё усули ҳисоби хароҷот муайян карда шавад.
Дар мавриди истифодаи усули баинобатгирии нархи таҳвили минбаъда нархи бозории молҳое (корҳое, хизматрасониҳое), ки фурӯшанда таҳвил менамояд, ҳамчун фарқи нархе, ки аз рӯи он харидорони ин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) онҳоро ба харидорони минбаъдаи худ таҳвил кардаанд ва хароҷоти муқаррарии дар чунин ҳолатҳо масрафнамудаи ин харидор, ки барои ба муомилот баровардан ва таҳвили минбаъдаи ин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ба харидори минбаъда (бе назардошти нархе, ки аз рӯи он аз ҷониби харидори зикршуда аз фурӯшанда ин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) дастрасшуда буданд) сарф шудаанд, бо назардошти меъёри фоидаи дар ҳамин соҳа муқарраргардидаи ин харидор муайян карда мешавад.
...