ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади такмили минбаъдаи сиёсати иҷтимоӣ ва ба низом даровардани имтиёзу ҷубронпулиҳо ба гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба банди 1 қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 1992 № 233 "Дар бораи тадбирҳои иловагии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони дар натиҷаи фалокати Чернобил зарардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" баъд аз калимаи "доранд" калимаҳои "(ба истиснои имтиёз дар мавриди пардохти ҳаққи истифодаи гази табиӣ ва қувваи барқ)" илова карда шаванд.
2. Ба бандҳои 2 ва 4 қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 1993 № 312 "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки баҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиётҳои муссалаҳона (низоъҳо) иштирок намуда, дар натиҷаи ин низоъҳо зарар дидаанд, инчунин аъзои оилаҳои шахсони мазкуре, ки парасторашонро аз даст додаанд" мувофиқан пас аз калимаҳои "пешбинишуда" ва "шудаанд" калимаҳои "(ба истиснои имтиёз дар мавриди пардохти ҳаққи истифодаи гази табиӣ ва қувваи барқ)" илова карда шаванд.
3. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2004 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 25 октябри соли 2003 № 482
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в некоторые решения Правительства Республики Таджикистан
В целях дальнейшего совершенствования социальной политики и упорядочения системы льгот и компенсаций отдельным категориям населения, Правительства Республики Таджикистан постановляет:
1. Пункт 1 постановления Кабинета Министров Республики Таджикистан от 24 июня 1992 года № 233 "О дополнительных мерах по социальной защите граждан Республики Таджикистан, пострадавших вследствие Чернобыльской катастрофы" после слова "льготы" дополнить словами "(за исключением льгот по оплате за пользование природным газом и элекроэнергией)".
2. Пункты 2 и 4 постановления Совета Министров Республики Таджикистан от 29 июня 1993 года № 312 " О социальной защите лиц, участвовавших в вооруженных действиях (конфликтах) по защите конституционного строя Республики Таджикистан и пострадавших в результате этих конфликтов, а также потерявших кормильца членов семьи указанных лиц" соответственно после слов "участников войны" и "служебных обязанностей" дополнить словами "(за исключением льгот по оплате за пользование газом и электроэнергией)".
3. Настоящее постановление ввести в действие с 1 января 2004 года.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 25 октября 2003 года №482
г. Душанбе