ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУДОФИА"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи мудофиа" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 23-24, моддаи 366; соли 1998, № 23-24, моддаи 353; соли 1999, № 12, моддаи 310; соли 2000, № 11, моддаи 537, моддаи 549; соли 2003, № 4, моддаи 144; соли 2004, № 2 моддаи 36; соли 2005, № 3, моддаи 119) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддимаи Қонун калимаҳои "ташкилотҳои ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои худидораи маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ" иваз карда шаванд.
2. Дар тамоми матни Қонун калимаи "фасл" ба калимаи "боб" иваз карда, рақамгузории бобҳо бо рақамҳои арабӣ ифода карда шаванд.
3. Дар моддаи 1:
дар қисми шашум калимаҳои "Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
аз қисми ҳафтум калимаҳои "Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд.
4. Дар номи фасли II калимаи "худидораи" ба калимаи "худидоракунии" иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 6:
номи модда дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 6. Салоҳияти Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон дар соҳаи мудофиа"
ҷумлаи аввали қисми якум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя:"
дар ҳамаи сархатҳо калимаҳои охирини сархатҳо "мешунавад", "медиҳад", "мегардонад", "мекунад", дар шакли ҷамъ "мешунаванд" "медиҳанд", "мегардонанд", "мекунанд" ифода карда шаванд.
...