Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2001, № 402 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996 № 311"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996 № 311

Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон қарор мекунад:

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996 № 311 "Дар бораи тасдиқи низомномаҳои Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ, Кумитаи ҷоизаи мазкур ва ҳайати ин Кумита" тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ҷумлаи аввали сархати дуюми банди 2 Низомномаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ дар таҳрири зерин ифода карда шавад;

"ҳафт ҷоиза муқаррар карда мешавад: аз ҷумла се ҷоиза дар соҳаи адабиёт, як ҷоиза дар соҳаи эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон (адабиёт, санъати тасвирӣ, театр, кино, мусиқӣ), як ҷоиза дар соҳаи театр ва кино, як ҷоиза дар соҳаи санъати мусиқӣ ва иҷрокунандагӣ, як ҷоиза дар соҳаи саньати тасвирӣ ва меъморӣ".

2. Дар банди 1 Низомномаи Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Убӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: сархати якум дар таҳрири зерин ифода шавад:

"Ҳайати Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи ходимони давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои эҷодӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад".

сархати дорои мазмуни зерин илова карда шавад:

"Раёсати Кумита аз ҷумлаи ходимони адабиёту санъат, олимони адабиётшинос ва санъатшинос бахшҳои кории Кумитаро оид ба соҳаҳои эҷодиёти бадеӣ таъсис медиҳад. Миқдор ва ҳайати бахшҳои кориро Раёсати Кумита муайян менамояд".

3. Ҳайати нави Кумитаи Ҷоизаҳои Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи Адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

4.Беэътибор дониста шаванд:

ҳайати Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи Адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996 № 311 тасдиқ шудааст;

банди 19 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2000 № 64 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистрн аз 16 июли соли 1996 № 311 "Дар бораи тасдиқи низомномаҳои Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ, Кумитаи ҷоизаи мазкур ва ҳайати ин Кумита".

...

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

"О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ПОСТАНОВЛЕНИЕ ПРАВИТЕЛЬСТВА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОТ 16 ИЮЛЯ 1996 ГОДА № 311"

Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 16 июля 1996 года №311 "Об утверждении положений о Государственных премиях Республики Таджикистан им.Абуабдулло Рудаки в области литературы, искусства и архитектуры, Комитете по указанным премиям и составе этого Комитета" следующие изменения и дополнения:

1. Первое предложение абзаца второго пункта 2 Положения о Государственных премиях Республики Таджикистан имени Абуабдулло Рудаки в области литературы, искусства и архитектуры изложить в следующей редакции:

"Устанавливается семь премий, в том числе три в области литературы, одна для художественных произведений для детей (литература, изобразительное, музыкальное, театральное и киноискусство), одна премия для искусства театра и кино, одна премия для музыкального и исполнительного искусства, одна премия для изобразительного и архитектурного творчества".

2. В пункте 1 Положения о Комитете по Государственным премиям Республики Таджикистан имени Абуабдулло Рудаки в области литературы, искусства и архитектуры при Правительстве Республики Таджикистан:

абзац первый изложить в следующей редакции:

"Состав Комитета по Государственным премиям Республики Таджикистан имени Абуабдулло Рудаки в области литературы, искусства и архитектуры при Правительстве Республики Таджикистан из числа государственных деятелей и представителей творческих организаций утверждается Правительством Республики Таджикистан";

дополнить абзацем следующего содержания:

"Президиум Комитета из числа деятелей литературы и искусства, литературоведов и искусствоведов создает рабочие секции Комитета по отраслям художественного творчества. Число и состав этих секций определяет Президиум Комитета".

3. Утвердить новый состав Комитета по Государственным премиям Республики Таджикистан имени Абуабдулло Рудаки в области литературы, искусства и архитектуры (прилагается).

4. Признать утратившими силу:

состав Комитета по Государственным премиям Республики Таджикистан имени Абуабдулло Рудаки в области литературы, искусства и архитектуры при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 16 июля 1996 года №311;

...