ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ХУСУСИГАРДОНИИ МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №10, мод. 160; с. 2002, № 4, қ.1, мод. 167; с. 2003, №12, мод. 699; с. 2009, №3, мод. 90; с.2016, №7, мод.630)
(Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 4, аз 8.12.2003 № 71, аз 26.03.2009 № 497, аз 23.07.2016 № 1352, аз 24.02.2017 № 1402, аз 28.01.2020 № 1686)
Моддаи 1. Муқаррароти умуми
Қонуни мазкур муносибатҳои байни давлатро дар шахси мақомоти ваколатдори он ва шахсони ҳуқуқию воқеи дар рафти хусусигардонии моликияти давлати танзим менамояд .
Моддаи 2. Хусусигардонии моликияти давлатӣ
Хусусигардонии моликияти давлатӣ - фаъолияти аз тарафи давлат мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишаванда оид ба додани молу мулки таҳти моликияти давлатӣ қарордошта ба моликияти хусусии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ .
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
...