ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ маъқул дониста шавад.
2. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Созишномаи мазкурро бо ҷониби Муғулистон мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 17 июли соли 2026, № 490
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон, ки минбаъд дар алоҳидагӣ «Тараф» ва якҷоя «Тарафҳо» номида мешаванд,
бо хоҳиши таҳкими муносибатҳои дустонаи ду кишвар ва бо мақсади сода кардани сафари шаҳрвандони худ ба ҳудуди кишварҳои якдигар,
...