Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2025, № 2198 «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ»

Санаи амалкуни: 06.10.2025

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ»

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 июни соли 2025, № 134

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2025, № 71

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» аз 16 апрели соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №4, мод. 276; с. 2021, №1-2, мод. 16; с. 2022, №6, мод. 352) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«3. Муассисаҳои таълимӣ ба хатмкунандагони курсҳои бозомўзӣ диплом ва ба хатмкунандагони дигар шаҳодатнома медиҳанд.»;

- дар қисми 4 калимаҳои «Шаҳодатнома (сертификат)-ҳо» ба калимаҳои «Диплом ва шаҳодатномаҳо» иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 1 октябри соли 2025, № 2198


Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О ДОПОЛНИТЕЛЬНОМ ОБРАЗОВАНИИ»
Принят постановлением МН МОРТ
от 11 июня 2025 года, №134
Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 1 октября 2025 года, №71

Статья 1. Внести в статью 15 Закона Республики Таджикистан «О дополнительном образовании» от 16 апреля 2012 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2012 г., №4, ст. 276; 2021 г., №1-2, ст. 16; 2022 г., №6, ст. 352) следующие изменения:

- часть 3 изложить в следующей редакции:

«3. Образовательные учреждения выдают выпускникам курсов переподготовки диплом, а другим выпускникам – свидетельство.»;

- в части 4 слова «свидетельств (сертификатов)» заменить словами «дипломов и свидетельств».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент
Республики Таджикистан      Эмомали Рахмон


г. Душанбе, 1 октября 2025 года №2198