ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029
Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2.Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он чораҳои амалӣ андешида, ҳамасола то 1 феврал ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3.Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷараёни иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он ҳар сол то 1 март тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов
ш. Душанбе, аз 29 майи соли 2025, №334
...