Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 марти соли 2025,
№ 223Барномаи солимгардонӣ, барқарорсозӣ ва ҳамгироии маҳбусони барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта маҳкумшуда барои солҳои 2025-2029
1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи солимгардонӣ, барқарорсозӣ ва ҳамгироии маҳбусони барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта маҳкумшуда барои солҳои 2025-2029 (минбаъд - Барномаи мазкур) бо мақсади иҷрои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, № 187 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.
2. Барномаи мазкур ба устуворгардонӣ ва мушаххасгардонии шаклҳои мухталифи тарбия ва ислоҳи маҳкумшудагоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта маҳкум шудаанд, равона гардидааст.
2.ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИЯТИ ҶОРӢ
3. Дар муассисаҳои ислоҳӣ афзоиши маҳкумшудагоне, ки барои фаъолияти экстремистию террористӣ ва гурӯҳҳои тундрав маҳкум шудаанд, боиси ташвиш гаштааст.
4. Омӯзиш ва таҳлили вазъи рӯҳию равонӣ ва ақидавии маҳкумшудагон, дар байни онҳо ба роҳ мондани корҳои пешгирикунанда, фаҳмонидани ғояҳои зиддиҷамъиятии экстремизм ва терроризм ва дар онҳо ташаккул ёфтани афкори зиддиэкстремистӣ талаб менамояд, ки сабаб, шароит ва омилҳои ҷалби онҳо ба таври инфиродӣ омӯхта шуда, нисбат ба ҳар нафари онҳо тадбирҳои инфиродии барқарорсозии зеҳну афкор муқаррар ва татбиқ карда шаванд.
5. Маҳкумшудагоне, ки то ҳол аз ақидаҳои ифротии худ бар нагашта, барқарорсозӣ ва ба ҷомеаи солим баргардонидани чунин гурӯҳи маҳкумшудагон аз ҷиҳати рӯҳӣ ва равонӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зарур ва саривақтӣ мебошад.
6. Ҳолати рӯҳӣ ва равонии маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои экстремистию террористидошта маҳкум гардидаанд, шакли қолабӣ дошта, ислоҳи онҳо душвор мебошад. Барои дар муассисаҳои ислоҳӣ мутобиқгардонии ин гурӯҳи маҳкумшудагон корҳои зиёди барқарорсозӣ ва солимгардониро ба роҳ мондан зарур аст, зеро субъектони дигари муқовиматкунанда бо терроризм ва экстремизм аз рӯйи ваколатҳои худ бо дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони гунаҳгор маҳдуд гардида, ба ислоҳ кардан, барқарорсозӣ ва ҳамгироии чунин шахсон машғул намебошанд.
7. Айни ҳол маҳкумшудагоне, ки ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористӣ содир намудаанд, дар муассисаҳои ислоҳии низомашон умумӣ, пурзӯр, сахт ва низоми маҳбасӣ адои ҷазо карда истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои минтақа ба таҳдидҳои рӯз аз рӯз афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ рӯбарӯ гашта, ин таҳдидҳо мунтазам шаклу усулҳои тозаро касб менамояд. Инчунин доманаи онҳо фарох гардида, тарзу усули содир намудани амалҳои экстремистию террористидошта гуногун ва тағйирёбанда арзёбӣ мегардад.
8. Ташкилотҳои экстремистию террористӣ, ки фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шудааст, барои ба сафи худ ҷалб намудани аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон аз шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода намуда, сарчашмаҳои маблағгузории гуногун доранд. Дар ин робита то ба имрӯз аз ҷониби мақомоти ваколатдори кишвар бо мақсади барқарорсозӣ ва ҳамгироии шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта маҳкум шудаанд, дар самти ошкор ва рафъ намудани зуҳуроти экстремизм ва терроризм чораҳои зарурӣ андешида шуда, вазъият татбиқи чорабиниҳои иловагиро талаб менамояд.
...