ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №152
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Низомномаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 152 «Дар бораи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
1) дар банди 5:
- сархати сию шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба намудҳои фаъолият дар соҳаи бехатарии саноатӣ ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидоштаро медиҳад;»;
- сархати сию ҳафтум хориҷ карда шавад;
2) сархати якуми банди 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- назорати давлатиро оид ба масъалаҳои таҳти ихтиёри Хадамот қарордошта тибқи қонунгузорӣ амалӣ намояд;».
2. Ба Номгӯи шахсони ҳуқуқӣ, иншоот ва корҳо, ки онҳоро мақомотҳои Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 152 «Дар бораи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- сархати дувоздаҳуми банди 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- додани иҷозатнома барои фаъолият оид ба корҳои маркшейдерӣ ва барои фаъолият оид ба истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи таркидан, сӯхтан ва химиявӣ доранд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»;»;
- сархати сеюми банди 25 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» барои пайваст намудани таҷҳизоти газӣ дар нақлиёти борбардор иҷозат медиҳад;».
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 марти соли 2025, № 217
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №152
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Внести в Положение о Службе по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному надзору при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №152 «О Службе по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному надзору при Правительстве Республики Таджикистан» следующие изменения:
1) в пункте 5:
- абзац тридцать шестой изложить в следующей редакции:
«- в соответствии с Законом Республики Таджикистан «О разрешительной системе» выдает документы разрешительного характера на виды деятельности в области промышленной безопасности;»;
- абзац тридцать седьмой исключить;
2) абзац первый пункта 7 изложить в следующей редакции:
«- осуществлять в соответствии с законодательством государственный надзор по вопросам, отнесённым к ведению Службы;».
2. Внести в Перечень юридических лиц, объектов и работ, надзор за которыми осуществляют органы Службы по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному надзору при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №152 «О Службе по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному надзору при Правительстве Республики Таджикистан» следующие изменения:
- абзац двенадцатый пункта 7 изложить в следующей редакции:
«- выдача лицензии на деятельность по маркшейдерским работам и деятельность использования производственных объектов, взрывоопасных, пожароопасных и химических, согласно Закону Республики Таджикистан «О разрешительной системе»;»;
- абзац третий пункта 25 изложить в следующей редакции:
«- в соответствии с Законом Республики Таджикистан «О разрешительной системе» выдает разрешение на подключение газового оборудования в грузоподъёмном транспорте;».
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 26 марта 2025 года №217