ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи муассисаҳои давлатии «Маркази таҳияи стандартҳои салоҳияти касб» ва «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир»
Мутобиқи моддаи 55 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Номи Муассисаи давлатии «Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»-и Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан ба Муассисаи давлатии «Маркази таҳияи стандартҳои салоҳияти касб» ва Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шавад.
2.Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаҳои давлатии «Маркази таҳияи стандартҳои салоҳияти касб» ва «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир»-ро ҳал намояд;
- оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз қарори мазкур бармеоянд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд.
3.Сарҳати дуюми замимаи 4 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2014, № 391 «Дар бораи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ» хориҷ карда шавад.
4.Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2025, № 122
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О государственных учреждениях «Центр разработки стандартов компетенций профессий» и «Центр развития ремесленничества и современных профессиональных навыков»
В соответствии со статьей 55 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
1. Переименовать Государственное учреждение «Учебно-методический центр и мониторинг качества обучения» Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан и Государственное учреждение «Центр обучения взрослых Таджикистана» Агентства труда и занятости населения Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан соответственно в Государственное учреждение «Центр разработки стандартов компетенций профессий» и Государственное учреждение «Центр развития ремесленничества и современных профессиональных навыков» Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан.
2. Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан:
- решить организационно-правовые вопросы государственных учреждений «Центр разработки стандартов компетенций профессий» и «Центр развития ремесленничества и современных профессиональных навыков»;
- представить Правительству Республики Таджикистан предложения о внесении изменений и дополнений в нормативные правовые акты, вытекающие из настоящего постановления.
3. Второй абзац приложения 4 к постановлению Правительства Республики Таджикистан от 4 июня 2014 года, №391 «Об Агентстве труда и занятости населения» исключить.
4. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан внести соответствующие изменения в учетные данные.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 28 февраля 2025 года №122