Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 феврали соли 2025,
№ 159тасдиқ шудааст
Тартиб ва андозаи хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Тартиби хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тартиби расонидани хизматрасониҳои иловагии музднок (минбаъд - хизматрасонӣ) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқаррар мекунад.
2. Хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси муроҷиати онҳо анҷом дода мешавад.
3. Пардохти маблағҳои хизматрасонӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тариқи ғайринақдӣ бо пули миллӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ сурат мегирад. Дар ин ҳолат расиди хаттӣ оид ба пардохт намудани маблағҳои хизматрасонӣ талаб карда намешавад.
4. Маблағҳои барои хизматрасонӣ пардохтшуда дар суратҳисоби ягонаи сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул дода мешаванд.
5. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи воридот ва хароҷоти маблағҳоро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ» ва дастурамал оид ба ташаккул ва истифодабарии маблағҳои махсуси мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, анҷом медиҳад. Маблағҳои аз хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа воридшуда пурра ба суратҳисоби махсуси онҳо гузаронида мешаванд.
6. Маблағҳои аз хизматрасонӣ воридгардида барои мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ равона карда мешаванд.
7. Барои хизматрасониҳои иловагии музднок маблағ мувофиқи Андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ пардохт карда мешавад (замима мегардад). Хизматрасониҳое, ки дар замимаи мазкур пешбинӣ нагардидаанд, ройгон анҷом дода мешаванд.
8. Дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз супоридани маблағ барои хизматрасонии иловагӣ озод карда мешаванд:
- мақомоти маориф, васоят ва парасторӣ, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак - барои додани нусхаи дуюми шаҳодатномаҳои таваллуд, дар хусуси фиристодани кӯдакони ятим ва кӯдакони аз парастории падару модар маҳрумгардида ба мақомоту муассисаҳои давлатӣ, ки уҳдадории ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон ба зиммаашон гузошта шудааст;
- шаҳрвандон - барои ба онҳо додани нусхаи дуюми шаҳодатномаҳо оид ба фавти хешовандони сафедкардашуда, барои ба онҳо додани маълумот дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки ҷиҳати пешниҳод ба мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ заруранд, оид ба масъалаҳои таъин ё аз нав ҳисоб кардани нафақаву кумакпулиҳо ва ҳолатҳои дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда;
- гирандагони кумакҳои унвонии иҷтимоӣ.
Замима
ба Тартиби хизматрасониҳои иловагии музднок
ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти
сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
Андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
№
|
Намуди
хизматрасониҳо
|
Андозаи пардохт
|
1.
|
Барои бақайдгирии давлатии ақди никоҳ
|
4 (чор) нишондиҳанда
барои ҳисобҳо
|
2.
|
Барои бақайдгирии давлатии бекор намудани
акди никоҳ
|
4 (чор) нишондиҳанда
барои ҳисобҳо
|
3.
|
Барои бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ
|
2 (ду) нишондиҳанда
барои ҳисобҳо
|
4.
|
Барои бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва номи падар
|
2 (ду) нишондиҳанда
барои ҳисобҳо
|
5.
|
Барои ворид намудани
ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ҳамчун амалиёти
мустақил), барқарор кардани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва додани нусхаи
дуюми шаҳодатнома
|
1,5 (яку ним) нишондиҳанда
барои ҳисобҳо
|
6.
|
Барои додани маълумотномаҳо дар бораи:
- додани нусхаи дуюми шаҳодатнома, ворид намудани ислоҳ, тағйирот
ва иловаҳо, муқаррар намудани падарӣ, иваз намудани насаб, ном ва номи падар,
фарзандхондӣ;
- мавҷуд будан ё набудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
|
1 (як) нишондиҳанда
барои ҳисобҳо
|
Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от «28» февраля 2025 года,
№159Порядок и размеры оплаты дополнительных платных услуг физическим и юридическим лицам в органах записи актов гражданского состояния
1. Порядок и размеры оплаты дополнительных платных услуг физическим и юридическим лицам в органах записи актов гражданского состояния устанавливает порядок оказания дополнительных платных услуг (далее - услуги) физическим и юридическим лицам в органах записи актов гражданского состояния.
2. Услуги физическим и юридическим лицам предоставляются на основе их обращений.
3. Оплата услуг физическими и юридическими лицами осуществляется безналичным способом в национальной валюте посредством кредитных финансовых организаций и других инфраструктур приема безналичных платежей. В этом случае бумажная квитанция об оплате услуг не требуется.
4. Средства, уплаченные за оказание услуг, формируются на едином счете главного управления центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан.
5. Министерство юстиции Республики Таджикистан осуществляет отчетность относительно начислении и расходовании средств в соответствии с Законом Республики Таджикистан «О казначействе» и Инструкцией по формированию и использованию специальных средств органов записи актов гражданского состояния, утвержденной Министерством юстиции Республики Таджикистан по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан. Средства, поступившие от оказания услуг дипломатическими представительствам и консульскими учреждениями Республики Таджикистан за рубежом, полностью зачисляются на их специальные счета.
6. Средства, поступившие от услуг, направляются на укрепление материально-технической базы органов записи актов гражданского состояния.
7. За дополнительные платные услуги взимается плата согласно Размеру оплаты дополнительных платных услуг, физическим и юридическим лицам в органах записи актов гражданского состояния (прилагается). Услуги, не предусмотренные в настоящем приложении оказываются бесплатно.
8. В органах записи актов гражданского состояния освобождаются от уплаты средств за дополнительные услуги:
- органы образования, опеки и попечительства, комиссия по правам ребенка - за выдачу дубликатов свидетельств о рождении, об отправке детей-сирот и детей, лишенных родительского попечения, государственным органам и учреждениям, на которые возложена обязанность защищать права детей;
- граждане - за выдачу им дубликатов свидетельств о смерти оправданных родственников, за предоставление им сведений о регистрации актов гражданского состояния, необходимых для представления в органы социальной защиты, по вопросам назначения или перерасчета пенсий и пособий и в иных случаях, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан;
- получатели адресного социального пособия.
Приложение
к Порядок и размеры оплаты дополнительных
платных услуг физическим и юридическим
лицам в органах записи актов
гражданского состояния
Размер оплаты дополнительных платных услуг физическим и юридическим лицам в органах записи актов гражданского состояния
№
|
Виды услуг
|
Размеры оплаты
|
1.
|
За государственную
регистрацию заключения брака
|
4 (четыре) показателя
для расчетов
|
2.
|
За государственную регистрацию расторжения брака
|
4 (четыре) показателя
для расчетов
|
3.
|
За государственную регистрацию установления отцовства
|
2 (два) показателя
для расчетов
|
4.
|
За государственную регистрацию перемены фамилии, имени и отчества
|
2 (два) показателя
для расчетов
|
5.
|
За внесении исправлений, изменений и дополнений в записи актов
гражданского состояния (как самостоятельное действие), восставноление записи
актов гражданского состояния и выдача дубликата свидетельства
|
1,5 (полтора) показателя
для расчетов
|
6.
|
За выдача справок о:
- выдаче дубликата свидетельства,
внесении исправлений, изменений и дополнений, об установлении отцовства,
перемены фамилии, имени и отчестве, усыновлении (удочерении);
- наличии или отсутствии регистрации
акта гражданского состояния
|
1 (один) показателей
для расчетов
|