ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тамдид намудани муҳлати воридоти муваққатӣ
Мутобиқи моддаи 213 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Воридоти муваққатии 2 адад ҳавопаймоҳои тамғаи «Боинг 737-800» (рақами корхонавиашон 39861 ва 39868), ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати ҳавопаймоии Сомон-Эйр» ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст, то 30 августи соли 2026 тамдид карда шавад.
2. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати ҳавопаймоии Сомон-Эйр» дар муҳлати тамдиди воридоти муваққатии 2 адад ҳавопаймоҳои тамғаи «Боинг 737-800» (рақами корхонавиашон 39861 ва 39868) аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда, ки қонунгузории гумрукӣ ҳангоми воридоти муваққатии воситаҳои нақлиёт пешбинӣ менамояд, озод карда шавад.
3. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати ҳавопаймоии Сомон-Эйр» оид ба истифодаи низоми гумрукии «воридоти муваққатӣ» таҳти назорат қарор диҳад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2025, № 145
...