Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, № 675 "Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, №546"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР 

Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, №546

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 546 «Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда» тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. банди 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«3. Пардохти хироҷҳо ва пардохтҳои тибқи қарори мазкур муқарраргардида тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.»;

2. бандҳои 3 ва 4 мувофиқан бандҳои 4 ва 5 ҳисобида шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 675

Правительство Республики Таджикистан 

Постановление

О внесении изменения и дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 ноября 2007 года, №546

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 ноября 2007 года, №546 «Об утверждении ставок сбора за осуществление юридически значимых действий и платы за выдачу разрешения на пользование природными и иными имеющимися ресурсами» следующие изменение и дополнение:

  1. дополнить пунктом 3 следующего содержания:

«3. Оплата сбора и плат, установленных в соответствии с настоящим постановлением, осуществляется в безналичной форме.»;

  1. пункты 3 и 4 соответственно считать пунктами 4 и 5.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан           Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 26 декабря 2024 года №675