Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, № 674 "Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005, №209"

Санаи амалкуни: 26.12.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005, № 209

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Қоидаҳои хизматрасонии маишии аҳолӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005, № 209 «Дар бораи чорабиниҳо оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» тасдиқ шудаанд, банди 71 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«71. Маблағи хизматрасониҳо (корҳо)-и тибқи Қоидаҳои мазкур пешниҳодшаванда тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.».


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 674