Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, № 672 "Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2003, №380"

Санаи амалкуни: 26.12.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР 

Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2003, №380

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Тартиби пардохти боҷи махсус барои баргузории экспертизаи бадеии сарватҳои фарҳангӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2003, № 380 «Дар бораи тасдиқи тартиби пардохти боҷи махсус барои баргузории экспертизаи бадеии сарватҳои фарҳангӣ» тасдиқ шудааст, банди 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«5. Пардохти маблағи боҷи махсус барои гузаронидани экспертизаи бадеии сарватҳои фарҳангӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.».

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 672


Правительство Республики Таджикистан

Постановление


О внесении дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 29 августа 2003 года, №380

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Дополнить Порядок уплаты специального сбора за проведение художественной экспертизы культурных ценностей, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 29 августа 2003 года, №380 «Об утверждении порядка уплаты специального сбора за проведение художественной экспертизы культурных ценностей», пунктом 5 следующего содержания:

«5. Уплата суммы специального сбора за проведение художественной экспертизы культурных ценностей осуществляется в безналичной форме.».

Председатель
Правительства Республики Таджикистан         Эмомали Рахмон

 

г.Душанбе от 26 декабря 2024 года №672