Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 2 январи соли 2025, № 2132 «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ СУҒУРТАВӢ»
 бо қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 ноябри соли 2024, № 1467
тасдиқ шудааст

 

бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 27 декабри соли 2024, № 578
ҷонибдорӣ шудааст

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» аз 23 июли соли 2016 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №7, мод. 627; с. 2018, №1, мод. 19; с. 2019, №1, мод. 20; с.2024, №3-4, мод. 157) моддаи 252 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Моддаи 252. Амалишавии пардохтҳои фаъолияти суғуртавӣ

Мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ), пардохти суғуртавӣ ва ҷуброни суғуртавӣ аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила тариқи ғайринақдӣ анҷом дода мешаванд.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, аз 2 январи соли 2025, № 2132


Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О СТРАХОВОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ»
 Принят постановлением МН МОРТ
от 7 ноября 2024 года, №1467

 

Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 27 декабря 2024 года, №578

Статья 1. Дополнить Закон Республики Таджикистан «О страховой деятельности» от 23 июля 2016 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2016 г., №7, ст. 627; 2018 г., №1, ст. 19; 2019 г., №1, ст. 20; 2024 г., №3-4, ст. 157) статьей 252 следующего содержания:

«Статья 252. Осуществление выплат страховой деятельности

Страховые премии (страховой взнос), страховые выплаты и страховые возмещения со стороны страховых (перестраховочных) организаций и обществ взаимного страхования осуществляются в безналичной форме.».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент
Республики Таджикистан               Эмомали Рахмон

г.Душанбе 2 января 2025 года №2132