Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, № 2126 «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НАФАҚАҲОИ СУҒУРТАВӢ ВА ДАВЛАТӢ»
 бо қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 октябри соли 2024, № 1447
тасдиқ шудааст

 

бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 27 декабри соли 2024, № 572
ҷонибдорӣ шудааст

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» аз 12 январи соли 2010 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №1, мод. 19; с. 2011, №3, мод. 175; с. 2012, №8, мод. 831, №12, қ. 1, мод. 1003; с. 2015, №3, мод. 222; с. 2020, №7-9, мод. 611; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 714) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 1:

- дар сархати ҳаштум калимаҳои «нафақае мебошад» ба калимаҳои «пардохти саҳм барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» иваз карда шаванд;

- ба сархати чордаҳум пас аз калимаҳои «ваколатдори давлатӣ» калимаҳои «дар соҳаи таъминоти нафақа» илова карда шаванд.

2. Дар матни моддаи 8 калимаи «нафақаро» ба калимаҳои «нафақаҳои суғуртавӣ ва (ё) давлатиро» иваз карда шавад.

3. Дар матни моддаи 9 калимаи «салоҳият» ба калимаи «ваколат» иваз карда шавад.

4. Дар моддаи 10:

- дар ном ва матн калимаҳои «Салоҳияти» ва «салоҳияти» мувофиқан ба калимаҳои «Ваколатҳои» ва «ваколатҳои» иваз карда шаванд;

- дар сархати панҷум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;

- сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- амалӣ намудани ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.».

5. Ба зербанди г) қисми 3 моддаи 13 пас аз калимаи «Чернобил» калимаҳои «ва минтақаҳои дигари олудагии радиоактивӣ» илова карда шаванд.

6. Ба қисмҳои 1 ва 4 моддаи 15 пас аз калимаҳои «ваколатдори давлатӣ» калимаҳои «дар соҳаи таъминоти нафақа» илова карда шаванд.

7. Муқаддимаи қисми 1 моддаи 27 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«1. Пардохтҳои нафақавӣ аз рӯи намудҳои зерини нафақаҳои давлатӣ таъмин карда мешаванд:».

8. Дар қисми 3 моддаи 41 аломат ва калимаҳои «, ки таъминоти нафақаро амалӣ мекунад,» ба калимаҳои «дар соҳаи таъминоти нафақа» иваз карда шаванд.

9. Ба қисми 2 ва сархати дуюми қисми 4 моддаи 42 пас аз калимаи «мақомоти» калимаи «дахлдори» илова карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, аз 2 январи соли 2025, № 2126


Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О СТРАХОВЫХ И ГОСУДАРСТВЕННЫХ ПЕНСИЯХ»
Принят постановлением МН МОРТ
от 30 октября 2024 года, №1447 
Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 27 декабря 2024 года, №572

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «О страховых и государственных пенсиях» от 12 января 2010 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2010 г., №1, ст. 19; 2011 г., №3, ст. 175; 2012 г., №8, ст. 831, №12, ч.1, ст. 1003; 2015 г., №3, ст. 222; 2020 г., № 7-9, ст. 611; 2021 г., №12, ч. 2, ст. 714) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 1:

- в абзаце восьмом слова «пенсионного обеспечения» заменить словами «обеспечения оплаты взносов на обязательное профессиональное пенсионное страхование»;

- абзац четырнадцатый после слов «уполномоченный орган» дополнить словами «в сфере пенсионного обеспечения».

2. Текст статьи 8 после слова «видов» дополнить словами «страховых и (или) государственных».

3. В название и тексте статьи 9 слова «Полномочия» и «компетенцию» соответственно заменить словами «Компетенция» и «полномочия».

4. В статье 10:

- в название и тексте слова «Компетенция» и «компетенции» соответственно заменить словами «Полномочия» и «полномочиям»;

- в абзаце пятом знак точки заменить знаком точки с запятой «;»;

- дополнить абзацем шестым следующего содержания:

«- осуществление других полномочий установленных законодательством Республики Таджикистан.».

5. Подпункт г) части 3 статьи 13 после слова «электростанции» дополнить словами «и других зонах радиоактивного заражения».

6. Части 1 и 4 статьи 15 после слов «уполномоченным государственным органом» дополнить словами «в сфере пенсионного обеспечения».

7. Преамбулу части 1 статьи 27 изложить в следующей редакции:

«1. Пенсионные выплаты обеспечиваются по следующим видам государственных пенсий:».

8. В части 3 статьи 41 знак и слова «, осуществляющий пенсионное обеспечение,» заменить словами «в сфере пенсионного обеспечения».

9. Часть 2 статьи 42 после слова «установленный» дополнить словом «соответствующим».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент
Республики Таджикистан               Эмомали Рахмон

  

г.Душанбе 2 января 2025 года №2126