Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, № 2122 «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ»

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ»
бо қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 7 ноябри соли 2024, № 1457
тасдиқ шудааст

бо қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 27 декабри соли 2024, № 567
ҷонибдорӣ шудаст

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» аз 20 июли соли 1994 (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, №15-16, мод. 235; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №22, мод. 259; с. 2008, №1, қ. 2, мод. 16, №12, қ. 2, мод. 1005; с. 2010, №12 қ. 1, мод. 822; с. 2013, №12, мод. 892) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 47 калимаҳои «иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба калимаҳои «низоми иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд.

2. Моддаи 481 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Моддаи 481. Тартиби пардохти маблағҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Пардохтҳои марбут ба маблағҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, тариқи ғайринақдӣ анҷом дода мешаванд.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 2 январи соли 2025, № 2122


Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О НЕДРАХ»


Принят постановлением МН МОРТ
от 7 ноября 2024 года, №1457
Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 27 декабря 2024 года, №567

 

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «О недрах» от 20 июля 1994 года (Ведомости Верховного Совета Республики Таджикистан, 1994 г., №15-16, ст. 235; Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1995 г., №22, ст. 259; 2008 г., №1, ч. 2, ст. 16, №12, ч. 2. ст. 1005; 2010 г., №12 ч. 1, ст. 822; 2013 г., №12, ст. 892) следующие изменение и дополнение:

1. В статье 47 слова «других обязательных платежах в бюджет» заменить словами «разрешительной системе».

2. Дополнить статьей 481 следующего содержания:

«Статья 481. Порядок осуществления платежей за пользование недрами

Платежи за пользование недрами, предусмотренные настоящим Законом, осуществляются в безналичной форме.».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.


Президент
Республики Таджикистан             Эмомали Рахмон 


г.Душанбе 2 января 2025 года №2122