ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321; №9 - 10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2,’ мод. 5; №3, мод. 153; №7, мод. 547) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 4 моддаи 47 калимаҳои "боздошти маъмурӣ" ба калимаҳои "дастгиркунии маъмурӣ" иваз карда шаванд.
2. Ба диспозитсияи моддаи 52 пас аз калимаҳои "Мӯҳлати ҳабси маъмурӣ бо" калимаи "соат," илова карда шавад.
3. Ба Кодекс моддаҳои 463(1), 463(2) ва 463(3) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 463 (1). Фурӯши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку дар ҳудуд ва назди муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, таълимӣ, инчунин бо истифода аз таҷҳизоти автоматӣ
1. Барои фурӯши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку дар ҳудуд ва назди муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, таълимӣ, инчунин дар масофаи камтар аз сад метр аз сарҳади ҳудуди муассисаҳои таълимӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои фурӯши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку бо истифода аз таҷҳизоти автоматӣ
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз яксаду панҷоҳ то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 463(2). Фурӯши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку ба ноболиғон
Барои фурӯши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку ба ноболиғон,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 463(3). Манъи нстеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамокуе, ки дар таркибаш никотин ва қатрон аз меъёрҳои гигиении тасдиқгардида зиёд мебошад, инчунин дар бастаи онҳо мавҷуд набудани навиштаҷоти огоҳкунандаи асосӣ ва иловагӣ оид ба зарари кашидани тамоку
...