ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ МАЪЮБОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №12, қ. 1, мод. 834)
(Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1739)
(Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1739)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии таъминоти ҳифзи иҷтимоии маъюбонро муайян намуда, ба онҳо имконияти баробари зиндагӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеаро фароҳам меорад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- маъюб - шахсест, ки дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм аз беморӣ, ҷароҳат, иллати ҷисмонӣ ва ақлонӣ боиси маҳдуд шудани фаъолияти ҳаётӣ гардидааст ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дорад;
- кӯдаки маъюб - шахси маъюби то синни 18 - сола;
- маҳдудияти фаъолияти ҳаётӣ - пурра ё қисман гум шудани қобилият ё имконияти шахс ба худхизматрасонӣ, мустақилона ҳаракат ва муомила кардан, сарфаҳм рафтан, рафтори худро назорат намудан, таълим гирифтан ва ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудан;
- маъюбӣ - дараҷаи маҳдудияти фаъолияти ҳаётии инсон дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм;
- ташхиси тиббию иҷтимоӣ - бо тартиби муқарраргардида муайян намудани эҳтиёҷоти шахси ташхисшаванда ба тадбирҳои ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла ба тавонбахшӣ дар асоси арзёбии маҳдудияти фаъолияти ҳаётӣ, ки дар натиҷаи коҳиши устувори вазифаҳои организм ба вуҷуд омадааст;
...