Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 № 94 "Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


 аз 1 июли соли 2025 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024 № 654 аз эътибор соқит дониста мешавад

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Мутобиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи намунавин муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, ҷиҳати амалӣ намудани Низомномаи мазкур тадбирҳо андешанд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2009, № 126 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 1 марти соли 2018, № 94

ш.Душанбе

 


С 1 июля 2025 года утратит силу в редакции пост. Правительства РТ от 26.12.2024 №654


Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Типовом положении образовательного учреждения среднего профессионального образования Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 16 Закона Республики Таджикистан "О среднем профессиональном образовании" и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Типовое положение образовательного учреждения среднего профессионального образования Республики Таджикистан (прилагается).

2. Министерству образования и науки Республики Таджикистан и другим министерствам и ведомствам, имеющим в своей структуре образовательные учреждения среднего профессионального образования, принять меры по реализации настоящего Положения.

3. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 27 февраля 2009 года, №126 "Об утверждении Типового положения учреждения среднего профессионального образования Республики Таджикистан".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе, 

от 1 марте 2018 года, №94