Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2016 № 150 "Дар бораи пардохти маблағ барои нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи пардохти маблағ барои нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024 № 678)

Мутобиқи моддаҳои 16 ва 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз 1 январи соли 2016 андозаи якмоҳаи пардохти маблағ аз падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) барои нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ тибқи ҷадвали зерин муқаррар карда шавад:


*Ниг. ба ҷадвал


2. Пардохтҳои тибқи ҷадвали банди 1 қарори мазкур муқарраршуда тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024 № 678).

2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали соли 1996, № 94 "Дар бораи пардохти маблағ барои нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 марти соли 2016 № 150

ш. Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об оплате средств за содержание детей в государственных дошкольных образовательных учреждениях

В соответствии со статьями 16 и 17 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. С 1 января 2016 года размер месячной платы с родителей (лиц их заменяющих) за содержание детей в государственных дошкольных образовательных учреждениях определяются в соответствии со следующей таблицей:

*таблица

2. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 23 февраля 1996 года, №94 "О размерах платы за содержание детей в дошкольных учреждениях".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан  Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 31 марта 2016 года, № 150