ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511)
(Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511)
Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2012, №9, мод.838) боби 47(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"БОБИ 47(1). ХУСУСИЯТИ АНДОЗБАНДИИ ХОҶАГИҲОИ ПАРРАНДАПАРВАРӢ ВА КОРХОНАҲОИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДАИ ХӯРОКИ ОМЕХТАИ ПАРРАНДА ВА ЧОРВО
Моддаи 313(1). Хусусияти андозбандии хоҷагиҳои паррандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи парранда ва чорво
1. Муқаррароти моддаи мазкур нисбат ба хоҷагиҳои паррандапарварӣ ва корхонаҳое, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсоли саноатии хӯроки омехтаи парранда ва чорво машғул буда, бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва (ё) қарзи бонкҳои хориҷӣ дар ҳаҷми на камтар аз 16 миллион доллари ИМА фаъолият менамоянд (минбаъд - корхонаҳо), татбиқ карда мешавад.
2. Корхонаҳои ҷавобгӯи муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур дар сурати аз ҷониби бонкҳои хизматрасони онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар бораи воридшавии маблағҳо ба ҳисоби онҳо ва (ё) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардидани воридшавии сармоя ба фонди оинномавии онҳо, аз супоридани андозу пардохтҳои зерин ба мӯҳлати 12 сол озод карда мешаванд:
- андоз аз фоида;
- андоз аз арзиши иловашуда;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
- андоз аз молу мулки ғайриманқул;
- андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ ҳангоми ворид намудани молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳо.
3. Дар ҳолати аз ҷониби чунин корхонаҳои тибқи ҳамин боб андозбандишаванда таҳвил додани молҳои воридотӣ ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин амалиёт бо андоз аз арзиши иловашуда, боҷи гумрукӣ ва дигар андозҳо бо тартиби умумии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешаванд.
...