ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68; мод. 69; №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149; мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675; мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456; мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346; №7, мод. 452; мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126; №7, мод. 399; №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3; №6, мод. 444; мод. 447; №10, мод. 803; №12, қ. 1, мод. 986; №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80; №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155; №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161; №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258; №7, мод. 694), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми 5 моддаи 48 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"5) Ҷаримаро ҳамчун ҷазои иловагӣ танҳо дар ҳолатҳое, ки бевосита дар Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, таъин намудан мумкин аст.".
2. Моддаи 57 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 57. Мусодираи молу мулк
1) Мусодираи молу мулк ин дар асоси ҳукми айбдоркунанда маҷбуран ба таври ройгон гирифтан ва ба моликияти давлат гузаронидани молу мулки зерин мебошад:
а) маблағҳои пулӣ, арзишҳо ва дигар молу мулке, ки дар натиҷаи содир намудани ҷиноятҳои дар қисми 2 моддаи 104, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 110, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 130, моддаи 130(1), қисми 3 моддаи 131, моддаи 132, қисми 2 моддаи 150, моддаи 153(1) (агар ҷиноят бо ғараз содир шуда бошад), моддаҳои 156, 156(1), 167, қисми 2 моддаи 171 (агар ҷиноят бо мақсади ғаразнок содир шуда бошад), моддаи 172 (агар ҷиноят бо мақсади ғаразнок содир шуда бошад), моддаи 173 (агар ҷиноят бо ғараз содир шуда бошад), моддаҳои 179, 179(1), 179(2), 179(3), 181, 183, 184(4), 185, 186, 187, 188, 193, 194, 195, 200, 201, 202, 202(1), 202(2), 204, 205, 206, 230, 232, 238, 239, 240, 241, 259(1), 262, 273, 277, 278, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 279, қисми 3 моддаи 280, моддаҳои 281, 282, 305, 306, 307, 307(1), 307(2), 307(3), 308, 309, 310, 313, 314, 319, 335(1), 335(2), 351, 352, 353, 397 ва қисми 3 моддаи 401 Кодекси мазкур пешбинишуда ба даст оварда шудаанд ё предмети контрабанда (қочоқ) мебошанд, ки барои он моддаи 289 Кодекси мазкур ҷавобгарӣ муқаррар намудааст ва ҳама гуна даромадҳо аз ин молу мулк, ба истиснои молу мулк ва даромадҳо аз он, ки бояд ба соҳиби қонунӣ баргардонида шаванд;
б) маблағҳои пулӣ, арзишҳо ва дигар молу мулке, ки ба онҳо молу мулки дар натиҷаи содир намудани ақаллан як ҷинояти бо моддаҳои дар банди а) қисми мазкур пешбинигардида бадастовардашуда ва даромадҳо аз ин молу мулк қисман ё пурра табдил дода ё ба шакли дигар гардонида шудаанд;
в) маблағҳои пулӣ, арзишҳо ва дигар молу мулке, ки барои маблағгузории терроризм, гурӯҳи муташаккил, воҳиди мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) истифода мешаванд ё пешбинӣ шудаанд;
г) олот ва (ё) воситаҳои содир намудани ҷиноят, ки ба шахси гунаҳгор тааллуқ доранд.
2) Агар молу мулки дар натиҷаи содир намудани ҷиноят бадастовардашуда ва (ё) даромадҳо аз ин молу мулк ба молу мулки ба таври қонунӣ бадастомада ҳамроҳ карда шуда бошанд, он қисмати ин молу мулк мусодира мегардад, ки ба арзиши молу мулки ҳамроҳкардашуда ва даромадҳо аз он мувофиқ мебошад.
3) Молу мулки дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур зикргардида, ки аз ҷониби шахси гунаҳгор ба дигар шахс (ташкилот) дода шудааст, дар он ҳолат мусодира мегардад, ки агар шахси ин молу мулкро қабулнамуда медонист ё бояд медонист, ки он дар натиҷаи ҳаракатҳои ҷиноятӣ ба даст оварда шудааст.
4) Агар мусодираи ашёи муайян, ки ба молу мулки дар қисмҳои 1-3 моддаи мазкур зикргардида дохил мешавад, дар лаҳзаи қабули қарори суд дар бораи мусодираи ин ашё бинобар истифодаи он, фурӯш ё бо сабаби дигар ғайриимкон бошад, суд дар бораи мусодираи маблағи пулие, ки ба арзиши ашёи мазкур мувофиқ аст, қарор қабул менамояд.
...