ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИҶОЗАТНОМАДИҲӣ БА БАЪЗЕ НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №5, мод.348; с. 2005, №3, мод.120; с. 2006, №7, мод.343; с. 2007, №6, мод.433; с. 2008, №1,қ.2, мод. 14; №6, мод. 457; №10, мод. 816; с. 2009, №3, мод.78; №5, мод.326; №9-10, мод.544; с. 2010, №12, қ. 1, мод. 821) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 5 сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- амали иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминиро дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун боздорад ва бекор намояд;".
2. Дар қисми 1 моддаи 10 калимаи "фармони" ба калимаҳои "санади дахлдори" иваз карда шавад.
3. Моддаи 10(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 10(1).Қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Қарор дар бораи додани иҷозатнома барои фаъолияте, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми иҷозатномадиҳанда тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият дода мешавад, бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда мешавад.
2. Дар фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани иҷозатнома инҳо нишон дода мешаванд:
- мӯҳлати амали иҷозатнома;
- шарт ва талаботи иҷозатномадиҳӣ;
- мӯҳлати пешниҳоди иҷозатнома барои имзо;
- муайян намудани шахси мансабдори ваколатдор ҷиҳати аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидани иҷозатнома;
- ӯҳдадории бастани созишномаи сармоягузорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ;
...