Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, № 713 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996, № 311 "Дар бораи тасдиқи низомномаҳои Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ, Кумитаи ҷоизаи мазкур ва ҳайати ин Кумита" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

а) дар ном ва бандҳои 1 ва 2 қарори мазкур калимаҳои "адабиёт, санъат ва меъморӣ" бо калимаҳои "адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика" иваз карда шавад;

б) дар Низомномаи Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996, № 311 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

- дар ном ва матни Низомнома калимаҳои "адабиёт, санъат ва меъмории" бо калимаҳои "адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи" иваз карда шавад;

- дар банди 1 калимаҳои "адабиёт, санъат ва меъморӣ, олимони адабиёт ва санъатшинос, мунаққидон" бо калимаҳои "адабиёт, санъат, меъморӣ, журналистика ва муҳаққиқони ин соҳаҳо" иваз ва баъд аз калимаҳои "муассисаҳои фарҳанг ва санъат" калимаҳои ", идораҳои воситаҳои ахбори омма" илова карда шавад;

- дар зербандҳои а) ва г)-и банди 4 калимаҳои "адабиёт, санъат, меъморӣ, назария ва таърихи эҷодиёти бадеӣ" бо калимаҳои "адабиёт, санъат, меъморӣ, журналистика, назария ва таърихи эҷодиёти бадеӣ ва публитсистӣ" иваз карда шавад.

в) дар Низомномаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996, № 311 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

- дар ном ва матни Низомнома калимаҳои "адабиёт, санъат ва меъморӣ" бо калимаҳои "адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика" иваз карда шавад;

- банди 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1. Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ барои асарҳои барҷастаи сазовори эътирофи васеи ҷамъиятигашта, аз нигоҳи бадеию публитсистӣ олӣ дар соҳаҳои адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика, инчунин барои саҳми бузург дар рушди назария ва амалияи эҷодиёти бадеию публитсистӣ дода мешавад";

- дар сархати дуюми банди 2 калимаи "шаш" бо калимаи "ҳафт" иваз карда, баъд аз калимаҳои "барои кӯдакон ва наврасон," калимаҳои "як ҷоиза дар соҳаи журналистика," илова карда шавад;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 16 июля 1996 года, №311 "Об утверждении положений о Государственных премиях Республики Таджикистан имени Абуабдулло Рудаки в области литературы, искусства и архитектуры, Комитете по указанным премиям и состава этого Комитета" следующие изменения и дополнения:

а) в названии и пункте 1 указанного постановления слова "Государственных премиях" заменить словами "Государственной премии" и слова "литературы, искусства и архитектуры" заменить словами "литературы, искусства, архитектуры и журналистики";

- в пункте 2 слова "Государственным премиям" заменить словами "Государственной премии";

б) внести в Положение о Комитете по Государственным премиям Республики Таджикистан имени Абуабдулло Рудаки в области литературы, искусства и архитектуры при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 16 июля 1996 года, №311 следующие изменения и дополнения:

- в названии и тексте Положения слова "Государственным премиям" заменить словами "Государственной премии" и слова "литературы, искусства и архитектуры" заменить словами "литературы, искусства, архитектуры и журналистики";

- в пункте 1 слова "литературы, искусства и архитектуры, ученых литературоведов и искусствоведов, критиков" заменить словами "литературы, искусства, архитектуры, журналистики и исследователей этих отраслей", после слов "учреждений культуры и искусства" дополнить словами ", редакций средств массовой информации";

- в подпунктах а) и г) пункта 4 слова "литературы, искусства и архитектуры, теории и истории художественного творчества" заменить словами "литературы, искусства, архитектуры, журналистики, теории и истории художественного и публицистического творчества".

в) внести в Положение о Государственных премиях Республики Таджикистан имени Абуабдулло Рудаки в области литературы, искусства и архитектуры, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 16 июля 1996 года, №311 следующие изменения и дополнения:

- в названии и тексте Положения слова "Государственных премиях" заменить словами "Государственной премии" и слова "литературы, искусства и архитектуры" заменить словами "литературы, искусства, архитектуры и журналистики";

- пункт 1 изложить в следующей редакции:

"1. Государственная премия Республики Таджикистан имени Абуабдулло Рудаки присуждается за выдающиеся, получившие широкое общественное признание, наиболее высокие с художественной и публицистической точки зрения произведения в области литературы, искусства, архитектуры и журналистики, а также за крупный вклад в развитии теории и практики художественного и публицистического творчества";

...