ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ НОТАРИАТИ ДАВЛАТӢ
(Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56, аз 21.07.2010 № 608)
(Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 56, аз 21.07.2010 № 608)
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
Моддаи 1. Вазифаҳои нотариати давлати
Нотариати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд муҳофизати ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ашхоси воқеи, ҳуқуқи ва давлатро бо роҳи ба ҷо овардани амалиёти нотариалии пешбиникардаи асноди қонунгузори аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.
Фаъолияти нотариати давлати дар асоси принсипҳои қонуният, инсондӯсти ва эҳтироми шаъну шарафи шахсият ва ҳуқуқи инсон бо ҷавобгарии шахсии ҳар шахси мансабдори баҷоовардаи амалиёти нотариали барои фаъолияти худ қарор мегирад. Фаъолияти нотариали соҳибкори нест ва мақсадҳои ба даст овардани фоидаро надорад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нотариати давлати
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нотариати давлати ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 3. Мақомоти баҷооварандаи амалиёти нотариали
Барои ба ҷо овардани амалиёти нотариали дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳури идораҳои нотариалии давлати, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияви нигоҳ дошта мешаванд, ташкил карда мешаванд. Идораи нотариалии давлати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва барҳам дода мешавад.
Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар марказҳои вилояти яке аз идораҳои нотариалии давлати ба сифати идораи вилоятии нотариалии давлати таъсис дода мешавад.
Саридораи нотариалии давлатии ҷумҳурияви ва идораҳои нотариалии давлатии вилояти дар баробари ба ҷо овардани амалиёти нотариали ягонагии амалияи нотариалиро таъмин мекунанд, кори омӯхтан ва ҷамъбаст намудани амалияи нотариалиро анҷом медиҳанд, дар такмили ихтисоси коркунони нотариат ва дар тафтиши фаъолияти идораҳои нотариалии давлати иштирок менамоянд.
...