ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ.1, мод. 989; мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321; №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2; мод. 5, №3, мод. 153; №7, мод. 547; №12, қ.1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430; мод. 431; №7-8, мод. 610; №12, мод. 838; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, №806), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 3 моддаи 39 ва санксияи қисми 1 моддаи 340 калимаи "нисфи" ба калимаи "ҳаштяки" иваз карда шавад.
2. Дар моддаи 474:
- дар ном ва матни модда калимаи "ташкилотҳои" ба калимаи "иттиҳодияҳои" иваз карда шавад;
- дар сархати чоруми қисми 1 аломатҳои вергул ва дефис ", -" ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шаванд;
- ба қисми 1 сархати панҷӯм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- содир намудани кирдорҳое, ки аз доираи мақсад ва вазифаҳои дар оинномаи (низомномаи) иттиҳодияҳои динӣ муайяншуда барнамеоянд,-".
3. Ба Кодекс моддаҳои 474(2), 474(3) ва 474(4) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 474(2). Риоя накардани тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар
Барои риоя накардани тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар,
ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 474(3). Фаъолияти таблиғотӣ ва маърифатии иттиҳодияҳои динӣ
Барои ба роҳ мондани фаъолияти таблиғотӣ ва маърифатии иттиҳодияҳои динӣ дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, инчунин дар манзили истиқоматии шаҳрвандон,
...