ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68; мод. 69; №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149; мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675; мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456; мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346; №7, мод. 452; мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126; №7, мод. 399; №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3; №6, мод. 444; мод. 447; №10, мод. 803; №12, қ. 1, мод. 986; №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80; №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155; №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161; №7-8, мод. 605; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, №808), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаҳои 135 ва 136 хориҷ карда шаванд.
2. Моддаи 156 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 156. Вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он
1) Азхудкунии муаллифӣ (асардуздӣ), ҳамчунин ба ҳаммуаллифӣ маҷбур кардан, агар ин кирдорҳо ба муаллиф ё дигар соҳибҳуқуқ ба миқдори калон зарар расонида бошанд,
бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Истифодаи ғайриқонунии объектҳои ҳуқуқи муаллифӣ ё ҳуқуқҳои вобаста ба он, ҳамчунин ба даст овардан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё фиристодани нусхаҳои ғайриқонунии асар ё фонограммаҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, агар ин кирдорҳо ба миқдори калон зарар расонида бошанд,
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешаванд.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми дуюми хамин модда, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) бо расонидани зарар ба миқдори махсусан калон;
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошанд,-
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.
...