×

Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 № 643

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2011, № 643

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2011, № 643

тасдиқ шудааст

Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1) Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Консепсия) бо мақсади амалисозии Стратегияи давлатии "Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003, № 1174 тасдиқ шудааст, Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, № 468 тасдиқ шудааст, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008, № 451 тасдиқ шудааст ва Стратегияи ислоҳоти системаи идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006, № 1713 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.

2) Консепсияи мазкур мақсад ва афзалияти инкишофи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ояндаи дарозмӯҳлат, стратегияи амалиётро ҳангоми иҷро кардани дурнамоҳо ва барномаҳо муайян мекунад.

3) Асоси ташаккули ҳукумати электрониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил шудан ба мақсадҳои зерин ташкил медиҳад:

- баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (минбаъд ТИК);

- баланд бардоштани сатҳи сифат ва дастрас будани хизматҳои иҷтимоие, ки ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо расонида мешаванд;

- содда гардонидани қоидаҳо ва кам кардани мӯҳлатҳои расонидани хизматҳои иҷтимоӣ, инчунин кам кардани (коҳиш додани) хароҷоти маъмурӣ, ки ба расонидани ин хизматҳо вобастагӣ доранд;

- баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;

- ташаккули системаи ягонаи табодули иттилоотӣ бо истифода аз захираҳои иттилоотии электронӣ ва пайвастшавии доимӣ ба система ва шабакаҳои маҳдуди баҳисобгирии алоқаи ҳамаи истифодабарандагон;

...

Утверждена

постановлением Правительства Республики Таджикистан

от 30 декабря 2011 года, № 643

Утверждена

постановлением Правительства Республики Таджикистан

от 30 декабря 2011 года, № 643

Концепция формирования электронного правительства в Республике Таджикистан

1. Общее положение

1) Концепция формирования электронного правительства в Республике Таджикистан (далее - Концепция) разработана в целях реализации Государственной стратегии "Информационно-коммуникационных технологий для развития Республики Таджикистан", утвержденной Указом Президента Республики Таджикистан от 5 ноября 2003 года, № 1174, Государственной программы развитие и внедрение информационно-коммуникационных технологий в Республике Таджикистан, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 декабря 2004 года, № 468, Концепции государственной информационной политики Республики Таджикистан, утвержденной Указом Президента Республики Таджикистан от 30 апреля 2008 года, № 451 и Стратегии реформирования системы государственного управления Республики Таджикистан утвержденной Указом Президента Республики Таджикистан от 15 марта 2006 года, № 1713.

2) Настоящая Концепция определяет цели и задачи развития формирования электронного правительства, дальнейшие стратегии выполнения планов и программ в Республике Таджикистан.

3) Основными целями формирования электронного правительства в Республике Таджикистан являются:

- повышение эффективности деятельности исполнительных органов государственной власти и управления за счет широкого использования ИКТ;

- повышение качества и доступности предоставляемых гражданам и организациям общественных услуг;

- упрощение процедур и сокращение сроков оказания общественных услуг, а также снижение административных издержек, связанных с предоставлением этих услуг;

- повышение доступности информации о деятельности исполнительных органов государственной власти;

- формирование единой системы информационного обмена, используя электронные информационные ресурсы и постоянную связь с системой и ограниченной сетью учета всех пользователей;

- экономическое стимулирование использования Интернета и современных информационных технологий.

...