ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 1999 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, 349 6, моддаи 153; соли 2001, № 7, моддаи 508; соли 2002, № 4, қисми 1, моддаи 170; соли 2005, № 3, моддаи 125; соли 2006, №4, моддаи 193) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаҳои "ашхоси", "саҳҳомӣ", "асноди", "ҷаримаи аҳдшиканӣ", "субсидиарӣ" мутобиқан ба калимаҳои "шахси", "саҳомӣ", "санади", "ноустуворона", "иловагӣ" иваз карда шаванд.
2. Дар матни қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаҳои "амвол", "амволӣ", "амволии", "амволе" ва "амволро" мутобиқан ба калимаҳои "молу мулк", "молу мулкӣ", "молу мулкии", "молу мулке" ва "молу мулкиро" иваз карда шаванд.
3. Дар банди 1 қисми 1 моддаи 1 калимаҳои "ҳуқуқи дигари амволи", "муносибатҳои дигари амволӣ ва муносибатҳои шахсии ғайриамволии" мутобиқан ба калимаҳои "ҳуқуқи дигари ашёи" ва "муносибатҳои дигари молу мулкӣ ва муносибатҳои шахсии ғайри молу мулкӣ" иваз карда шаванд.
4. Банди дуюми қисми 2 моддаи 4 хориҷ карда шавад.
5. Дар моддаи 7:
- дар номи модда калимаҳои "меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ" ба калимаҳои "санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми 1 калимаҳои "Принсипу меъёрҳои умумиэътирофгардидаи ҳуқуқи байналхалқӣ ва шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътИрофнамудаи Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои "шартномаи байналхалқӣ" ва "шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
6. Номи боби 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Боби 2. Асосҳои ба вуҷуд омадани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои гражданӣ, амалӣ намудан ва ҳифзи ҳуқуқҳои гражданӣ"
7. Дар зербанди "б" банди дуюми қисми 1 моддаи 8 калимаҳои "аз асноди мақомоти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ" ба калимаҳои "аз санадҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ" иваз карда шаванд.
8. Дар ном ва матни моддаи 9 калимаҳои "Татбиқи", "татбиқ менамоянд" ва "татбиқӣ" мутобиқан ба калимаҳои "Амалӣ намудани", "амалӣ менамоянд" ва "амалӣ намудани" иваз карда шаванд.
...