Қарор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006, № 528 "Дар бораи ба Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино"-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил додани Иттиҳодияи эҷоди-истеҳсолии "Тоҷиккино"-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ба Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино"-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил додани Иттиҳодияи эҷоди-истеҳсолии "Тоҷиккино"-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 58 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ба низом даровардани фаъолияти соҳаи кино ва видео Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Иттиҳодияи эҷоди-истеҳсолии "Тоҷиккино"-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино"-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.

2. Сархати ҳаштуми Нақшаи идораи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 1997 № 563 "Масъалаҳои Кумитаи телевизион ва радиои иазди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл ифода гардад:

"Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино".

3. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ Оинномаи Корхонаи мазкурро таҳия ва тасдиқ намуда, тибқи тартиби муқарраргардида аз қайди давлати гузаронад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 2 декабри соли 2006 № 528

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О преобразовании в Государственное унитарное предприятие кино и видео "Точиккино" Комитета по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан Творческо-производственного объединения "Точиккино" Комитета по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан

В соответствии со статьёй 58 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и с целью упорядочения деятельности сферы кино и видео Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Творческо-производственное объединение "Точиккино" Комитета по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан преобразовать в Государственное унитарное предприятие кино и видео "Точиккино" Комитета по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан.

2. Абазц восьмой, Схемы управления Комитета по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 26 декабря 1997 года № 563 "Вопросы Комитета по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан" изложить в следующей редакции: "Государственное унитарное предприятие кино и видео "Точиккино".

3. Комитету по телевидению к радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан в течении одного месяца подготовить и утвердить Устав данного Предприятия и в установленном порядке провести государственную регистрацию.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                   Э. Рахмонов

от 2 декабря 2006 года №528

 г. Душанбе