Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои ҳавасмандгардонии тараққиёти энергетикаи хурд ва истихроҷи ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади ҳавасмандгардонии истеҳсоли қувваи барқ дар Станцияҳои электрикии обии (СЭО) хурд, истифодаи манбаъҳои ғайримаъмулии энергия ва зиёд кардани истихроҷи ангишт дар корхонаҳои хурд, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Сохтмони СЭО-ҳои хурд дар тамоми иншоотҳои гидротехникӣ мавҷуда ва обанборҳои таъиноти ғайриэлектрикӣ, сарфи назар аз тобеияти идоравиашон, иҷозат дода шавад.
Ширкати давлатии саҳомию холдингии "Барқи Тоҷик", Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи тартиби сохтмон ва истифодаи объектҳои манбаъҳои ғайримаъмулӣ энергия, аз ҷумла СЭО-ҳои хурдро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намоянд.
2. Пешниҳоди концерни "Тоҷикангиштсанг" оиди дар асоси озмун таъсис додани корхонаҳои шаклҳои мухталифи моликият дар соҳаи истихроҷу коркарди ангишт дар конҳо мувофиқи замимаи 1 маъқул дониста шавад.
3. Масъалаҳои ҳамоҳангсозии корҳои сохтмонии СЭО-ҳои хурд ва манбаъҳои ғайримаъмулии энергия ба зиммаи Ширкати давлатии саҳомию холдингии "Барқи Тоҷик" ва ҳамоҳангсозии корҳои таъсиси корхонаҳои истихроҷ ва коркарди ангишт бошад, ба ӯҳдаи концерни "Тоҷикангиштсанг" гузошта шавад.
4. Бо мақсади харидани таҷҳизот ва масолеҳ барои сохтмони СЭО-ҳои хурд, корхонаҳои истихроҷ ва коркарди ангишт дар давраи солҳои 1993-1995 ба Ширкати давлатии саҳомию холдингии "Барқи Тоҷик", концернҳои "Мадад" ва "Тоҷикангиштсанг" дар ҳаҷмҳои муқарраршудаи замимаи 2 кредит дода шавад.
5. Кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявии депутатҳои халқ ҳамаҷониба ба таъсиси объектҳои СЭО-ҳои хурд ва манбаъҳои ғайримаъмурии энергия, корхонаҳои истихроҷ ва коркарди ангишт, барои ин мақсадҳо дар асоси манфиатҳои мутақобила ҷалб намудани маблағҳои корхонаҳо, ташкилоту фирмаҳо ва пасандазҳои шахсии шаҳрвандон мусоидат намоянд.
6. Озод кардани СЭО-ҳои хурд, объектҳои манбаъҳои ғайримаъмулии энергия ва корхонаҳои хурди истихроҷ ва коркарди ангишт аз пардохти андоз аз фоида дар давоми се сол пас аз рӯзи ба истифода доданашон зарур дониста шавад.
Лоиҳаи Фармон оиди ин масъала ба баррасии Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
7. Аз Банки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки ба Ширкати давлатии саҳомию холдингии "Барқи Тоҷик", концерни "Мадад" ва дигар ташкилотҳое, ки сохтмони СЭО-ҳои хурд ва объектҳои манбаъҳои ғайримаъмулии энергияро ба нақша мегиранд, инчунин ба концерни "Тоҷикангишт кредитҳои имтиёзнок диҳад.
Раиси
Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Абдуллоҷонов
Мудири
Корҳои Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Мирзоев
аз 5 апрели соли 1993, № 139
ш.Душанбе
Совет Министров Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О мерах по стимулированию развития малой энергетики и увеличения добычи угля в Республике Таджикистан
В целях стимулирования производства электроэнергии на малых ГЭС, использования нетрадиционных источников энергии и увеличения добычи угля малыми предприятиями Совет Министров Республики Таджикистан постановляет:
1. Разрешить строительство малых ГЭС на всех действующих гидротехнических сооружениях и водохранилищах неэнергетического назначения независимо от их ведомственной принадлежности.
Государственной акционерной холдинговой компании "Барки Точик", Министерству экономики Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан утвердить Положение о порядке строительства и эксплуатации объектов нетрадиционных источников энергии, в том числе малых ГЭС, в Республике Таджикистан.
2. Согласиться с предложением концерна "Точикангишт" о создании на конкурсной основе предприятий различных форм собственности по добыче и переработке угля на месторождениях согласно приложению № 1.
3. Возложить координацию работ по строительству малых ГЭС и нетрадиционных источников энергии на Государственную акционерную холдинговую компанию "Барки Точик", а по созданию предприятий по добыче и переработке угля на концерн "Точикангишт".
4. В целях приобретения оборудования и материалов для строительства малых ГЭС, предприятий по добыче и переработке угля выделить на период 1993-1995 годов кредит Государственной акционерной холдинговой компании "Барки Точик", концернам "Мадад" и "Точикангишт" в объемах согласно приложению № 2.
5. Исполкомам областных, городских и районных Советов народных депутатов всемерно содействовать созданию объектов малых ГЭС нетрадиционных источников энергии, предприятий по добыче и переработке угля, привлечению на взаимовыгодной основе средств предприятий, организаций, фирм и личных сбережений граждан.
6. Признать необходимым освободить малые ГЭС, объекты нетрадиционных источников энергии и малые предприятия по добыче и переработке угля от уплаты налога на прибыль на 3 года со дня ввода их в эксплуатацию;
Внести на рассмотрение Президиума Верховного Совета Республики Таджикистан проект Указа по данному вопросу.
7. Просить Национальный банк Республики Таджикистан о предоставлении льготного кредита Государственной акционерной холдинговой компании "Барки Точик", концерну "Мадад" и другим организациям, намечающим строительство малых ГЭС и объектов нетрадиционных источников энергии, а концерну "Точикангишт" для создания малых предприятий по добыче и переработке угля.
Председатель
Совета Министров Республики Таджикистан А. Абдулладжанов
Управляющий
делами Совета Министров Республики Таджикистан Р. Мирзоев
от 5 апреля 1993 года № 139
г. Душанбе
Приложения не приводятся.