Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 1999, № 387 "Дар бораи таъсиси Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна"

Санаи амалкуни: 04.09.1999

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Бо мақсади таъмини истифодаи самарабахши кредити Бонки Рушди Исломӣ, ки барои таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна пешниҳод шудааст ва татбиқи Созишномаи кредитӣ ва Шартномаи оид ба ёрии техникии (Грант) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Исломӣ , Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна таъсис дода шуда, Низомномаи замимагардидаи Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна тасдиқ карда шавад.

2. Натиҷаи гуфтушунидҳо байни ҳайати вакилони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Исломи, ки дар Меморандуми аз 29 маи соли 1999 зикр шудаанд ва пешниҳоди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба вазифаи Директори иҷрокунандаи Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна таъин кардани Алиев А. М. маъқул дониста шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи Лоиҳа барои ҷобаҷокунии Гурӯҳи мазкур бинои заруриро ҷудо намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Лоиҳа дар соли 1999 дар ҳаҷми 50000 доллари ШМА аз ҳисоби ҳаҷми умумии маблағгузории асосӣ, ки барои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, таъмин намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи дахлдорро дар лоиҳаи буҷети давлатии солҳои 2000 ва минбаъда барои ворид намудани ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Лоиҳаи зикргашта пешбинӣ намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

6. Муқаррар карда шавад, ки мувофиқи Оинномаи Бонки Рушди Исломӣ, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 декабри соли 1996 ба тасвиб расонидааст:

- маблағҳои ба Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна барои иҷрои вазифаҳои он ворид шудаанд, ба истиснои ситонидани андоз аз даромад аз маоши моҳонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Гурӯҳи мазкур кор мекунанд, андозбандӣ намешаванд;

- маблағҳои барои пардохти музди меҳнати кормандони Гурӯҳ равоншаванда аз пулҷудокунӣ ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд. Масъалаи таъсиси ҳисобномаҳои пасандозиро барои суғуртаи иҷтимои худи кормандони Гурӯҳ бо тариқи инфиродӣ ҳаллу фасл мекунанд;

- таҷҳизот ва молҳое, ки барои татбиқи вазифаҳои Гурӯҳ ворид мегарданд ва аз ҳисоби кредити Бонки Рушди Исломӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз пардохтҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Э. Раҳмонов

аз 4 сентябри соли 1999 № 387

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О создании Группы по реализации Проекта реконструкции и достройки средних школ

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

В целях обеспечения эффективного использования кредита Исламского Банка Развития, предоставленного на реконструкцию и достройку средних школ и реализации Кредитного соглашения и Договора о Технической Помощи (Гранта) между Правительством Республики Таджикистан и Исламским Банком Развития, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Создать Группу по реализации Проекта реконструкции и достройки средних школ и утвердить прилагаемое Положение о Группе по реализации Проекта реконструкции и достройки средних школ.

2. Одобрить результаты переговоров миссии Исламского Банка Развития и Правительства Республики Таджикистан, изложенные в Меморандуме от 29 мая 1999 года и предложение Министерства образования и науки Республики Таджикистан о назначении Исполнительным директором Группы по реализации Проекта реконструкции и достройки средних школ Алиева А.М. (в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66).

3. Министерству образования и науки Республики Таджикистан в счёт вклада Правительства Республики Таджикистан в реализацию Проекта выделить необходимые помещения для размещения указанной Группы (в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66).

4. Министерству финансов Республики Таджикистан обеспечить внесение вклада Правительства Республики Таджикистан в указанный проект на 1999 год в размере 50000 долларов США за счет общих объемов капитальных вложений, предусмотренных по Министерству образования и науки Республики Таджикистан (в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66).

Министерству финансов Республики Таджикистан совместно с Министерством экономического развития  и торговли  Республики Таджикистан предусмотреть соответствующие суммы в Проекте государственного бюджета на 2000 год и последующие годы для внесения вклада Правительства Республики Таджикистан в указанный Проект.

6. Установить, что в соответствии с Уставом Исламского Банка Развития, ратифицированным Маджлиси Оли Республики Таджикистан 14 декабря 1996 года:

- средства, поступившие в Группу по реализации Проекта реконструкции и достройки средних школ на осуществление её задач, не подлежат налогообложению за исключением взимания подоходного налога от ежемесячной заработной платы граждан Республики Таджикистан, работающих в этой Группе;

- средства, направляемые на оплату труда работников Группы, освобождаются от отчислений в Фонд социальной зашиты населения Республики Таджикистан. Вопрос открытия накопительных счетов для социального страхования решается работниками Группы в индивидуальном порядке;

- оборудование и товары, ввозимые для реализации задач Группы и финансируемые за счёт кредита Исламского Банка Развития, освобождаются от уплаты таможенных платежей.

Преседатель

Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов

от 4 сентября 1999 года № 387

г. Душанбе