ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Конвенсия доир ба ташкил ва мақоми марказҳои байналхалқии илмию тадқиқотӣ ва ташкилотҳои илмӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Конвенсия доир ба ташкил ва мақоми марказҳои байналхалқии илмию тадқиқотӣ ва ташкилотҳои илмӣ, ки дар шаҳри Москва 25 ноябри соли 1998 ба имзо расидааст, тасдиқ карда мешавад.
2. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор баҳри иҷрои Консепсияи мазкур тадбирҳо андешад.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Конвенсияи зикргардида заруранд, огоҳ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 9 ноябри соли 2000 № 440
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Конвенции о создании и статусе международных научно-исследовательских центров и научных организаций
Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Конвенцию о создании и статусе международных научно-исследовательских центров и научных организаций, подписанную в городе Москве 25 ноября 1998 года.
2. Академии наук Республики Таджикистан совместно с заинтересованными министерствами и ведомствами принять меры по реализации данной Конвенции.
3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан уведомить Исполнительный комитет Содружества Независимых Государств о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления указанной Конвенции в силу.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от "9" ноября 2000 года № 440
г. Душанбе