Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999, № 479
Бо мақсади такмил додани сохтори дастгоҳи марказии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба низом даровардани сохти идоравӣ дар мақомоти мазкур, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999, № 479 "Масъалаҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикисгон" тағйиротҳои зерин ворид карда шаванд:
дар банди 2 калимаи "генералҳо-3" ба калимаи "генералҳо-5" иваз карда шавад;
дар банди 3 калимаи "4 (чор)" ба калимаи "5 (панҷ)" иваз карда шавад.
2. Ба Низомнома:
дар банди 3, баъди калимаҳои "Хоҷагии аграрӣ-истеҳсолии "Наҷот" калимаҳои "корхонаи интишорӣ", баъди калимаҳои "қисмҳои ҳарбӣ" калимаҳои "ситоди қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд, ш. Роғун, ш. Норак", ки дар асоси принципҳои ҳисобу китоби пурраи хоҷагидорӣ амал мекунанд, илова карда шавад;
ба банди 6 сархати дорои мазмуни зерин илова карда шавад:
"ситоди қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд, ш.Рогун ва ш.Норак вазифаҳои роҳбарии воҳидҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ ва истихроҷи газро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба анҷом додани чорабиниҳои махсус, барои фаъолияти устувори корхонаҳои истихроҷи куҳӣ дар вазъияти фавқулодда мувофиқи шартномаҳо анҷом медиҳанд".
3. Ба нақшаи идоракунии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, сархати дорои мазмуни зерин илова карда шавад:
"Ситоди қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд, ш. Норак, ш. Рогун".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 12 июни соли 2001 № 275
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 27 ноября 1999 года № 479
В целях совершенствования структуры аппарата Министерства по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне Республики Таджикистан и регулирования его административной структуры, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 27 ноября 1999 года № 479 "Вопросы Министерства по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне Республики Таджикистан" следующие изменения:
в пункте 2 слова "генералов - 3" заменить словами "генералов - 5 (пять)";
в пункте 3 слова "иметь 4 (четыре)" заменить словами "иметь - 5(пять)".
2. В Положении:
в пункте 3 после слов "аграрно-производственное хозяйство "Наджот" дополнить словами "издательское предприятие", после слов "воинские части" дополнить словами "Штаб военизированных горноспасательных частей Республики Таджикистан г. Худжанда, г. Нурека, г. Рогуна", действующих на принципах полного хозяйственного расчета;
пункт 6 дополнить абзацем следующего содержания:
"штаб военизированных горноспасательных частей Республики Таджикистан г. Худжанда, г. Рогуна, г. Нурека выполняют по договорам задачи на горнодобывающих предприятиях по руководству горноспасательными и газоспасательными подразделениями, находящимся на территории Республики Таджикистан, по осуществлению специальных мероприятий для устойчивой работы предприятий в чрезвычайной обстановке.
3. Дополнить схему управления Министерства по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне Республики Таджикистан абзацем следующего содержания:
"Штаб военизированных горноспасательных частей Республики Таджикистан г. Худжанда, г. Нурека, г. Рогуна".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от "12" июня 2001 года № 275
г. Душанбе