Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи беҳтар намудани вазъи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ
Нақши бузурги Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсиро дар тарбияи маънавии сокинони мамлакат, рушду такомули илму фарҳанг, ҷамъоварӣ, ҳифз ва тарғиби мероси миллӣ ва умумибашарӣ ба эътибор гирифта, мутобики Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи кунунии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, ҳифзу нигоҳдории захираҳои китобҳо, автоматикунонӣ ва компютеркунонии равандҳои асосии фаъолияти китобхона ва таъмири асосии бинои он чораҳои зарурӣ андешад.
2. Аз соли 2004 шурӯъ карда, давра ба давра масъалаи бунёди маркази интернет, пайваст шудан ба шабакаҳои электронӣ, дарёфти иттилооти библиографӣ аз китобхонаҳои ҷаҳониро хал карда, китобхонаро ба таҷҳизоти техникии муосир таъмин намояд.
3. Бо мақсади ҳамкориҳои фарҳангӣ робитаро бо китобхонаҳои бузургтарин, аз ҷумла бо китобхонаҳои Федератсияи Россия, ӯзбекистон, Қазокистон ва Қирғизистон таҳким бахшида, масъалаи мубодилаи китобҳоро миёни кишварҳои номбурда тақвият бахшад.
4. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди минбаъдаи китобхонаҳои ҷумҳуриро, аз ҷумла Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсиро таҳия ва ба тасдиқи Ҳукумати Ҷумҳурни Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 14 августи соли 2003 № 361
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об улучшении состояния Национальной библиотеки Республики Таджикистан имени Абулкасыма Фирдоуси
Учитывая огромную роль Национальной библиотеки Республики Таджикистан имени Абулкасыма Фирдоуси в духовном воспитании населения страны, развитии науки и культуры, сбора, хранении и пропаганды национальной и общечеловеческой культуры, в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О культуре" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Министерству культуры Республики Таджикистан принять необходимые меры для улучшения нынешнего состояния Национальной библиотеки Республики Таджикистан имени Абулкасыма Фирдоуси, хранения и сохранности книжных фондов, автоматизации и компьютеризации основных процессов деятельности библиотек и капитального ремонта её здания.
2. Начиная с 2004 года поэтапно разрешать проблемы создания центра интернет, соединения электронных сетей, получения библиографической информации с зарубежными библиотеками и обеспечить библиотеку современными техническим оборудованием.
3. В целях культурного сотрудничества расширить связи с крупнейшими библиотеками, в том числе с библиотеками Российской Федерации, Узбекистана, Казахстана и Кыргызстана, усилив книжный взаимообмен между вышеназванными странами.
4. Министерству культуры Республики Таджикистан совместно с Министерством финансов Республики Таджикистан и Министерством экономики и торговли Республики Таджикистан разработать и представить для утверждения Правительством Республики Таджикистан Программу дальнейшего развития библиотек республики, в том числе Национальной библиотеки Республики Таджикистан имени Абулкасыма Фирдоуси.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
г. Душанбе
от 14 августа 2003 года № 361