Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тарифҳои қувваи барк ва гармӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1 ноябри соли 2000 № 422)
Бо мақсади иҷрои Нақшаи тадбирҳо дар доираи татбиқи барномаи миёнамӯҳлати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2000 тасдиқ кардааст ва бо мақсади фаъолияти мӯътадили соҳаи энергетикӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 апрели соли 2000 тарифҳои зерини қувваи барқ ва гармӣ, ки Ширкати давлатии саҳомию холдингии "Барқи Тоҷик" ба фурӯш мерасонад чунин муқаррар карда шавад:
а) қувваи барқ:
барои корхонаҳои саноатӣ ва истеъмолкунандагони ба онҳо баробаркардашуда ба андозаи 1,72 дирам, ва барои дигар истеъмолкунандагони соҳаи кишоварзӣ ва ҷайрисаноатӣ (ба истиснои ташкилотҳои буҷетӣ) ба андозаи 2.97 дирам барои як квт.соат
барои истеъмолкунандагони коммуналӣ, нақлиёти барқии шаҳрӣ, ташкилотҳои буҷетӣ, насосҳо ва стансияҳои насосии интиқоли об, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ, қубури оби кишоварзӣ 2,50 рубл барои як кВт.соат;
барои аҳолӣ дар ҳаҷми 5 рубл барои як кВт.соат ҳангоми меъёри 150-кВт.соат дар як моҳ ва барои ҳар як кВт.соат зиёда аз меъёри муайянгардида - 11,0 рубл;
б) қувваи гармӣ:
барои саноат, хоҷагии гармхонаҳо ва меҳмонхонаҳо ба ҳисоби миёна ба андозаи 24000 рубл барои як Гкал;
барои хоҷагиҳои ҳаммому шустагарӣ, муассисаҳои хушкшӯӣ ба андозаи 1000 рубл ва барои истеъмолкунандагони савдои яклухт, кооперативҳои манзилу сохтмон 100 рубл барои як Гкал;
в) барои қувваи барқ барои эҳтиёҷи гармкунӣ ва таъмини оби гарм (истифода барои дегҳои барқӣ ва бойлерҳои барқӣ), барои корхонаҳо, ташкилот ва идораҳо ба андозаи 49 рубл барои як кВт.соат;
2. Ба Ширкати давлатии саҳомию ҳолдингии "Барқи Тоҷик" иҷозат дода шавад, ки барои иҷрои корҳо ба теъдоди то 15 фоизи шумораи меъёри мутахассисонро дар асоси қарордод ҷалб намуда, хароҷотро ба арзиши аслии маҳсулот дохил кунад.
3. Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Ширкати давлатии саҳомию ҳолдингии "Барқи Тоҷик" дар асоси қарори мазкур ба нархномаи №09-01-1996 "Тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ" тағйироти дахлдор ворид намояд.
4. Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ вобаста ба ҷараёни беқурбшавии пул бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намояд.
5. Асноди зайл беэътибор дониста шаванд:
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1999 № 140 "Дар бораи тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ";
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 1999 № 456 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1999 № 140 "Дар бораи тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ".
банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 1998 № 97 "Дар хусуси тадбирҳои беҳбуди вазъи молиявӣ ва рушди минбаъдаи комбинати маъдантозакунии Анзоб
сархати якуми банди 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 1998 № 9-3 "Дар хусуси тадбирҳои истиқрор ва барқарорсозии иқтидори Заводи алюминии тоҷик
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 апрели соли 2000 № 153
ш. Душанбе
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
ПРАВИТЕЛЬСТВА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
"О тарифах на электрическую и тепловую энергию"
Во исполнение плана мероприятий в рамках реализации среднесрочной экономической программы Правительства Республики Таджикистан, утвержденного Президентом Республики Таджикистан 20 марта 2000 года и в целях нормального функционирования энергетической отрасли Правительство Республики Таджикистан постановляет:
I. Установить с 1 апреля 2000 года тарифы на отпускаемую Государственной акционерной холдинговой компанией "Барки Точик":
а) электрическую энергию
для промышленных и приравненных к ним потребителей, а также прочих производственных сельскохозяйственных и непромышленных потребителей (кроме бюджетных организаций) в размере 22 рублов за один кВт час;
для коммунальных потребителей, городского электрифицированного транспорта бюджетных организаций насосов и насосных станций по подаче воды независимо от ведомственной подчиненности и сельскохозяйственному водопроводу в размере 2,50 рублов за один кВт час;
для населения (с учетом НДС) в размере 5 рублов за один кВт час при лимите 150 кВт час в месяц, а за каждый кВт час сверх установленного лимита - 11,0 рублов;
б) тепловую энергию
для промышленности, теплично-парниковых хозяйств и гостиниц в размере 24000 рублов за одну Гкал;
для банно-прачечных хозяйств и предприятий химической чистки в размере 1000 рублов, оптовых потребителей перепродавцов и жилищно-строительных кооперативов 100 рублов за одну Гкал;
в) электрическую энергию на нужды отопления и горячего водоснабжения (для использования в электрокотлах и электробойлерах) для предприятий, организаций и учреждений в размере 49 рублов за один кВт час.
2. Разрешить Государственной акционерной холдинговой компании "Барки Точик" привлекать для выполнения работ специалистов на контрактной основе в количестве до 15 процентов от нормативной численности с отнесением этих затрат на себестоимость продукции.
3. Министерству экономики и внешних экономических связей Республики Таджикистан совместно с Государственной акционерно-холдинговой компанией "Барки Точик" внести изменения в прейскурант № 09-01-1996 "Тарифы на электрическую и тепловую энергию вытекающие из настоящего постановления.
4. Министерству экономики и внешних экономических связей Республики Таджикистан вносить изменения в тарифы на электрическую и тепловую энергию в зависимости от инфляционных процессов по согласованию с Правительством Республики Таджикистан.
5. Признать утратившими силу:
постановление Правительства Республики Таджикистан от 7 апреля 1999 года № 140 "О тарифах на электрическую и тепловую энергию";
постановление Правительства Республики Таджикистан от 5 ноября 1999 года № 456 О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 7 апреля 1999 года №140 "О тарифах на электрическую и тепловую энергию".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
г. Душанбе
от 3 апреля 2000 года № 153