ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии "Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2002-2005"
Бо мақсади такмили фаъолияти мақомоти идораи давлати ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, Ҳукумати Ҷумҳуртти Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии "Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2002-2005" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи давлатии "Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2002-2005" муқаррар карда шавад.
3. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дар доираи татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии "Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2002-2005" барномаҳои маҳаллии тарбияи ватанпарастии ҷавононро таҳия ва амали гардонанд.
4. Маблағгузории чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи мазкур дар соли 2002 дар доираи маблағҳои дар Буҷети давлати барои мақомоти идораи давлати, ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) ва ташкилотҳои дар татбиқи Барнома иштироккунанда пешбинишуда ва ҳамчунин тавассути ҷалби маблағҳои ғайрибуҷети анҷом дода шавад.
5. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи Дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳури ва буҷети давлати барои солҳои 2003-2005 ҷиҳати татбиқи ин Барнома, бо назардошти имкониятҳои молияви ва пешниҳоди Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағ пешбини намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 феврали соли 2002 № 29
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Государственной программе "Патриотическое воспитание молодёжи Таджикистана на 2002-2005 годы"
В целях совершенствования деятельности государственных органов управления и органов исполнительной власти на местах (хукуматов) в сфере патриотического воспитания молодёжи Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Государственную программу ,Патриотическое воспитание молодёжи Таджикистана на 2002-2005 годы, (прилагается).
2. Установить координатором по реализации Государственной программы "Патриотическое воспитание молодёжи Таджикистана на 2002-2005 годы" Комитет по делам молодёжи при Правительстве Республики Таджикистан.
3. Председателям Горно-Бадахшанской Автономной области, областей, городов и районов в рамках реализации Государственной программы. "Патриотическое воспитание молодёжи Таджикистана на 2002-2005 годы" разработать и реализовать местные программы патриотического воспитания молодёжи.
4. Финансирование мероприятий по реализации данной Программы в 2002 году осуществлять в пределах средств, предусмотренных в Государственном бюджете государственным органам управления, исполнительной власти на местах (хукуматам) и организациям, участвующим в реализации данной Программы, а также за счёт привлечения внебюджетных средств.
5. Министерству экономики и торговли Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан при разработке Программы социального и экономического развития республики и государственного бюджета на 2003-2005 годы с учётом финансовых возможностей и предложений Комитета по делам молодёжи при Правительстве Республики Таджикистан предусматривать хадатайства на реализацию данной Программы.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 4 февраля 2002 года № 29
г. Душанбе