ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи яроқ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 "Дар бораи яроқ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №4, мод. 57; с.2001, №4, мод. 152; с.2003, №4, мод. 143; с. 2004; №12, қ-1, мод. 695; соли 2005, №3, мод. 115, №12, мод. 645) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд;
1. Дар муқаддимаи Қонун калимаҳои "Ин Қонун" ба калимаҳои "Қонуни мазкур" иваз карда шаванд.
2.Дар моддаи 1:
- номи модда ва қисми якуми он дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:":
- аз қисми якум калимаҳои "гуфта дар ин Қонун" ва "фаҳмида мешавад" хориҷ карда шаванд;
- дар қисми ёздаҳум калимаи "ин" хориҷ карда, калимаҳои "халъ (мусодира) ва" ба калимаҳои "халъ ва мусодира" иваз карда шаванд;
- ҳамаи қисмҳои модда ҳамчун сархатҳо ифода гардида, номи мафҳумҳо ба ҳарфи хурд навишта шаванд, ҳамчунин сархатҳо бо аломати "-" оғоз гашта, дар охири он аломати нуқтавергул гузошта шавад.
3. Ба Қонун моддаи 1 (1). бо мазмуни зайд илова карда шавад:
"Моддаи 1 (1). Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистои дар бораи яроқ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи яроқ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистом асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".
4. Дар ном ва матни моддаи 2 калимаи "хелҳои" ба калимаи "навъҳои" иваз карда шавад.
...