ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ғалла
Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар раванди истеҳсол, тозакунӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши ғалла, идоракунии сифати ғалла ва тайёр кардани ғаллаи озуқаворӣ, маводи ему хошоки чорво, парранда ва тухмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, танзим менамояд.
БОБИ 1 МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:
-ғалла -ҳосили зироатҳои хӯшадор, лӯбиёӣ ва равғандор, ки ба мақсадҳои хӯрокворӣ, тухмӣ, ему хошоки чорво, парранда ва техникӣ истифода мешаванд;
-истеҳсоли ғалла- маҷмӯи чорабиниҳои агротехникие, ки барои парвариши ғалла равона карда шудааст;
-ғаллаи озуқаворӣ- ғаллае, ки ба мақсади хӯрокворӣ истифода бурда мешавад;
-ғаллаи тухмӣ -ғаллае, ки аз рӯи сифат ва навъҳо ҷудо карда шудааст ва ба мақсадҳои кишт кардан истифода бурда мешавад;
-ғаллаи маводи ему хошок-ғаллае, ки барои хӯроки чорво ва паррандаҳо истифода бурда мешавад;
-бехатарии озуқаворӣ-ҳолати иқтисодиёт, аз ҷумла комплекси агросаноатии он, ки бо захираҳои дахлдор, иқтидор ва кафолатҳо таъмин карда шудааст, новобаста аз шартҳои дохилӣ ва берунӣ, ки зимни он талаботи аҳолӣ ба маводи хӯрокворӣ мутобиқи меъёрҳои физиологии ғизо қонеъ гардонида мешавад;
-захираҳои давлатии ғалла -захираҳои давлатии ғалла, ки бо мақсади таъмини бехатарии озуқаворӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои давлатӣ, инчунин барои ҳимоя ва танзими бозори ғалла пешбинӣ карда шудаанд;
-сифати ғалла -маҷмӯи хосиятҳои истеъмолии ғалла, ки мутобиқати онро ба талаботи стандартҳои давлатӣ, шартҳои техникӣ, меъёрҳои санитарӣ, байторӣ, фитосанитарӣ, гигиенӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ муайян менамояд;
-сертификати сифати ғалла- ҳуҷҷатест, ки мутобиқати сифати ғалларо ба талаботи стандартҳои давлатӣ тасдиқ мекунад;
-корхонаи қабули ғалла- шахси ҳуқуқие, ки ба амбори ғалла (элеватор, пункти қабули ғалла), ки дар онҳо ғалла нигоҳ дошта мешавад, ҳуқуқи моликият дорад;
-нигоҳдории ғалла- маҷмӯи технологии хизматрасонӣ дар амбори ғалла (элеватор, пункти қабули ғалла), ки он аз қабул карда гирифтани ғалла, дар тарозу баркашидан, хушконидан, тоза кардан, нигоҳ доштан ва интиқоли онро дар бар мегирад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ғалла
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ғалла ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат аст.
Моддаи 3. Мақсад ва вазифаҳои қонунгузорӣ дар бораи ғалла
1.Ғалла сарвати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, яке аз омилҳои асосии устувории иқтисодиёти он мебошад.
2. Мақсади қонунгузорӣ дар бораи ғалла кам кардани вобастагии истеъмолкунандагони мамлакат аз бозори берунии ғалла бо роҳи дар мамлакат тараққӣ додани ғаллакорӣ ва коркарди маҳсулоти ғаллагӣ дар ташаккул ва инкишоф додани соҳа, фароҳам овардани муҳити мусоиди ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ барои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ мебошад.
3. Вазифаи қонунгузорӣ дар бораи ғалла аз муқаррар кардани қоидаҳои умумии истеҳсоли ғалла, танзими бозори ғалла ва таъмини сифати маҳсулоти ғаллагӣ иборат аст.
Моддаи 4. Объектҳо ва субъектҳои фаъолияти ғаллакорӣ
1. Объектҳои фаъолияти ғаллакорӣ - ҳама намуди маҳсулоти ғаллагӣ, воситаҳои техникии коркарди замин, воситаҳои технологӣ, ки дар ҳамаи марҳалаҳо ба ин ё он шакл дар робитаанд, инчунин маводи ёрирасони табиӣ ва сунъие, ки дар фаъолияти ғаллакорӣ истифода мешаванд.
2. Субъектҳои фаъолияти ғаллакорӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд, ки бо истеҳсол, тайёркунӣ, нигоҳдорӣ, кашондан, фурӯш, воридот ва содироти маҳсулоти ғаллагӣ машғуланд.
БОБИ 2 ИДОРАКУНӢ ВА ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ БОЗОРИ ҒАЛЛА
Моддаи 5. Мақсади идоракунии давлатии бозори ғалла
Мақсади идоракунии давлатӣ ва танзими бозори ғалла аз инҳо иборат аст:
-таъмини бехатарии озуқаворӣ;
-васеъ кардани бозори фурӯши ғалла;
-таъмини сифати ғалла;
-таъмини вазъи бехатарии фитосанитарӣ;
-мувофиқ гардондани сохтори истеҳсоли ғалла бо назардошти шароити табиию иқлимӣ ва вазъи бозор, такмил додани технологияи истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯши ғалла;
-бартараф кардани камчинии эҳтимолии хӯрока дар чорводорӣ ва паррандапарварӣ дар доираи ҳаҷми захираҳои давлатӣ;
-ташаккул додани сиёсати маблағгузорӣ, қарзӣ, андозӣ ва гумрукӣ дар истеҳсоли ғалла.
Моддаи 6. Шаклҳои танзими давлатии бозори ғалла
Бозори ғалла аз тарафи давлат бо роҳҳои зерин танзим гардонда мешавад:
-сертификатонии ғалла мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-назорат ба фаъолияти лабораторияҳои аккредитатсияшудаи экспертизаи сифати ғалла;
-ташаккул додани захираҳои давлатии ғалла ва назорат ба ҳаҷму сифати онҳо;
-маблағгузории давлатӣ ба чорабиниҳои муҳофизат ва карантини растаниҳо;
-назорати риояи талаботҳои махсус аз ҷониби корхонаҳои қабули ғалла нисбати қоидаҳои нигоҳдории ғалла.
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳият дорад, ки:
-барномаи давлатии ғалла-барномаи инкишофи бозори ғалла ва истеҳсоли ғаллаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва амалӣ намояд;
-барномаҳои кӯмаки давлатии истеҳсоли ғалларо тасдиқ кунад, барои ҷалб намудани маблағгузорӣ шароити мусоид фароҳам созад ва барои инкишофи бозори ғалла ва нигоҳ доштани устувории он чораҳо андешад;
-ҳаҷм, сохтор, қоидаҳои ташкил, нигоҳдорӣ ва истифодаи захираҳои давлатии ғалларо тасдиқ намояд;
-вобаста ба амалиёти ғалла созишномаҳои байниҳукуматӣ бандад.
Моддаи 8. Воридот ва содироти маҳсулоти ғаллагӣ
1. Аз давлатҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ғаллае метавонад ворид карда шавад, ки дар феҳристи давлатӣ ба қайд гирифта шуда, бо тартиби дахлдор сертификати мутобиқат ё шаҳодатномаи эътирофи онро дошта бошад.
2. Маҳсулоти ғаллагие, ки сертификати дахлдори дар ҳуҷҷатҳои меъёрии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшударо надорад, ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст танҳо бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ барои намоишгоҳҳо, бо мақсади тадқиқот ва гузаронидани санҷиш ворид карда шавад.
3. Содироти маҳсулоти ғаллагӣ бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амалӣ гардонда мешавад.
БОБИ 3 ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ ИСТЕҲСОЛ ВА ФУРӯШИ ҒАЛЛА
Моддаи 9. Шаклҳои дастгирии давлатӣ
Бо мақсади таъмин кардани устувории бозори ғалла давлат шаклҳои зерини дастгирии истеҳсол ва фурӯши ғалларо амалӣ мегардонад:
-таъмини хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ бо тухмҳои суперэлита ва элита барои истеҳсолкунандагони ғалла бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлатӣ барои чорабиниҳои карантинӣ ва муҳофизати растаниҳо;
-хариди ғалла барои захираҳои давлатии ғалла;
-аз захираҳои давлатӣ қарз додани тухмӣ ба молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ;
-ба маблағ таъмин намудани чорабиниҳои мелиоративӣ, механикӣ ва техникӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ;
-бо маблағ таъмин намудани барномаҳои тадқиқоти илмии селексия, тухмипарварӣ ва нигоҳдории ҳосилхезии хок;
-мусоидат барои ҷорӣ кардани технологияҳои нави истеҳсол ва нигоҳдории ғалла.
Моддаи 10. Захираҳои давлатии ғалла
1. Захираҳои давлатии ғалла аз инҳо иборатанд:
-захираҳои давлатии ғаллаи озуқаворӣ;
-захираҳои давлатии ем;
-захираҳои давлатии ғаллаи тухмӣ;
-захираҳои давлатии фурӯши ғалла;
-захираҳои давлатии эҳтиётӣ (ё амниятӣ).
2. Захираҳои давлатии ғалла аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ ва воридот ташкил меёбанд.
3. Захираҳои давлатии ғалла моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
4. Тартиби ташкил, нигоҳдорӣ, навкунӣ, ҷойивазкунӣ ва истифодабарии захираи давлатии ғалларо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ 4 КОРХОНАҲОИ ҚАБУЛИ ҒАЛЛА
Моддаи 11. Таъиноти корхонаҳои қабули ғалла
1. Корхонаҳои қабули ғалла амбори моли истифодаи умумӣ шуморида мешаванд.
2. Хизматрасонӣ оид ба нигоҳдории ғалла аз ҷониби корхонаҳои қабули ғалла дар асоси шартнома анҷом дода мешавад.
3. Корхонаҳои қабули ғалла фаъолияти худро оид ба нигоҳдории ғалла мутобиқи талаботи тахассусӣ ба роҳ мемонанд.
Моддаи 12. Вазифаҳои корхонаҳои қабули ғалла
Корхонаҳои қабули ғалла вазифадоранд, ки:
-тартиби нигоҳдории ғалла, инчунин чорабиниҳоеро, ки нигоҳдории ҳаҷму сифати ғалларо мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии бо тартиби муқаррарӣ тасдиқшуда таъмин менамоянд, риоя кунанд;
-дар ҳолати зарурӣ ғалларо барои санҷиш бо тартиби муқарраршуда интихоб карда гиранд;
-хароҷоти корхонаҳои қабули ғалларо барои нигоҳдории ғалла мутобиқи шартнома ҷуброн кунанд.
БОБИ 5 СИФАТИ МАҲСУЛОТИ ҒАЛЛАГӢ
Моддаи 13. Таъмини сифати маҳсулоти ғаллагӣ
Сифати маҳсулоти ғаллагӣ ба усулҳои зерин таъмин карда мешавад:
-бамеъёрдарории талаботи сифати маҳсулоти ғаллагӣ;
-арзёбии сифати маҳсулоти ғаллагӣ ва бақайдгирии давлатии гигиении он;
-сертификатонии маҳсулоти ғаллагӣ;
-назорати давлатӣ ба сифати маҳсулоти ғаллагӣ.
Моддаи 14. Бамеъёрдарории талаботи сифати маҳсулоти ғаллагӣ
1. Бамеъёрдарории талаботи таъмини сифати маҳсулоти коркарди ғалла бо тартиби бамеъёрдарории талаботи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ анҷом дода мешавад.
2. Бамеъёрдарории таъмини сифати ғалла аз муайян кардани стандартҳо ва талаботе иборат мебошад, ки шароити истеҳсолот, тайёркунӣ, ба дараҷаи сифатнокӣ расонидан, кашондан, нигоҳдорӣ, коркард ва фурӯши намудҳои гуногуни ғалларо танзим менамояд.
3. Риояи тартиби бамеъёрдарории талаботи таъмини сифати маҳсулоти ғаллагӣ барои ҳамаи субъектҳои фаъолияти ғаллакорӣ ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 15. Арзёбии сифати маҳсулоти ғаллагӣ ва бақайдгирии давлатии гигиении он
1. Сифати маҳсулоти ғаллагӣ дар лабораторияҳои махсус бо тартиби муқарраргардида аз рӯи методикаи ягона арзёбӣ карда мешавад.
2. Таркиби маҳсулоти ғаллагӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешавад ё ба ҷумҳурӣ ворид мегардад, аз рӯи нишондиҳандаҳои кимиёвӣ, биологӣ, токсикологӣ ва радиологӣ таҳлил ва арзёбӣ карда мешавад.
3. Маҳсулоти коркарди ғалла аз ҷониби мақомоти дахлдор дар феҳристи давлатӣ низ аз қайди гигиенӣ гузаронида мешавад.
Моддаи 16. Сертификатонии маҳсулоти ғаллагӣ
1. Ба маҳсулоти ғаллагӣ, ки аз рӯи нишондиҳандаҳои сифат арзёбӣ шудааст, инчунин ба маҳсулоти коркарди ғаллае, ки аз қайди давлатии гигиенӣ гузаштааст, сертификатҳои сифати ғалла дода мешаванд.
2. Қоидаҳои сертификатонии маҳсулоти ғаллагӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ва аз тарафи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат карда мешаванд.
Моддаи 17. Назорати давлатӣ ба сифати маҳсулоти ғаллагӣ
1. Мақсади назорати давлатӣ ба сифати маҳсулоти ғаллагӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ риоя шудани стандартҳо ва талаботе мебошад, ки истеҳсол, тайёркунӣ, нигоҳдорӣ, кашондан, фурӯш, воридот ва содироти маҳсулоти ғалларо танзим менамояд.
2. Тартиби ташкил ва фаъолияти назорати давлатиро ба сифати маҳсулоти ғаллагӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
БОБИ 6 МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 19. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
28 июли соли 2006 № 200
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О зерне
Настоящий Закон регулирует отношения, возникающие в процессе производства, очистки, хранения и реализации зерна, управления качеством зерна и заготовки продовольственного, фуражного и семенного зерна в Республике Таджикистан.
ГЛАВА I. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
Статья 1. Основные понятия
В настоящем Законе используются следующие основные понятия:
- зерно - плоды злаковых, зернобобовых и масличных культур, используемые для пищевых, семенных, кормовых и технических целей;
- производство зерна - комплекс агротехнических мероприятий, направленных на выращивание зерна;
- продовольственное зерно - зерно, используемое для пищевых целей;
- семенное зерно - зерно, используемое на посевные цели и разделяемое по сортовым и посевным качествам;
- фуражное зерно - зерно, предназначенное на корм животных и птиц;
- продовольственная безопасность - состояние экономики, в том числе её агропромышленного комплекса, обеспеченное соответствующими ресурсами, потенциалом и гарантиями, независимо от внутренних и внешних условий, при которых удовлетворяются потребности населения в продуктах питания в соответствии с физиологическими нормами питания;
- государственные ресурсы зерна - государственные запасы зерна, созданные в целях обеспечения продовольственной безопасности и исполнения государственных обязательств, а также для защиты и регулирования рынка зерна;
- качество зерна - совокупность потребительских свойств зерна, определяющих его соответствие требованиям государственных стандартов, технических условий, санитарных, ветеринарных, фитосанитарных правил и норм, гигиенических нормативов и иных нормативных документов;
- сертификат качества зерна - документ, удостоверяющий соответствие качества зерна требованиям государственных стандартов;
- предприятие по заготовке зерна- юридическое лицо, имеющее на правах собственности зерновой склад (элеватор, пункт приема зерна);
- хранение зерна- система технологических услуг на зерновом складе (элеватор, пункт приема зерна), состоящая из приема, взвешивания, сушки, очистки, хранения и транспортировки.
Статья 2. Законодательство Республики Таджикистан о зерне
Законодательство Республики Таджикистан о зерне основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, иных нормативных правовых актов Республики Таджикистан и международных правовых актов, признанных Республикой Таджикистан.
Статья 3. Цели и задачи законодательства о зерне
1. Зерно является национальным достоянием Республики Таджикистан, одним из основных факторов устойчивости её экономики.
2. Цель законодательства о зерне состоит в уменьшении зависимости потребителей страны от внешнего рынка зерна путем развития в стране зерноводства и переработки зерновых продуктов, в формировании и развитии отрасли, создании благоприятной правовой, экономической и организационной среды для местных производителей.
3. Задачи законодательства о зерне заключаются в установлении общих правил производства зерна, регулирования зернового рынка и обеспечения качества зерновых продуктов.
Статья 4. Объекты и субъекты зерноводческой деятельности
1. Объекты зерноводческой деятельности - все виды зерновых продуктов, землетехнические и технологические средства, находящиеся на всех этапах в контакте в той или иной форме, а также вспомогательные естественные и искусственные материалы, сопутствующие в зерноводческой деятельности.
2. Субъектами зерноводческой деятельности являются физические и юридические лица, занимающиеся производством, заготовкой, хранением, перевозкой, продажей, импортом и экспортом зерновых продуктов.
ГЛАВА 2. ГОСУДАРСТВЕННОЕ УПРАВЛЕНИЕ И РЕГУЛИРОВАНИЕ РЫНКА ЗЕРНА
Статья 5. Цели государственного управления на рынке зерна
Целями государственного управления и регулирования рынка зерна являются:
- обеспечение продовольственной безопасности;
- расширение рынков сбыта зерна;
- обеспечение качества зерна;
- обеспечение фитосанитарной безопасности;
- оптимизация структуры зернового производства с учетом природно-климатических условий и рыночной конъюктуры, совершенствования технологии производства, хранения и реализации зерна;
- устранение возможного дефицита кормов в животноводстве и птицеводстве в пределах объема государственных ресурсов фуражного зерна;
- формирование инвестиционной, кредитной, налоговой и таможенной политики в зерновом производстве.
Статья 6. Формы государственного регулирования зернового рынка зерна
Государственное регулирование деятельности рынка зерна осуществляется путем:
- сертификации зерна в соответствии с законодательством Республики Таджикистан;
- контроля за деятельностью аккредитованных лабораторий по экспертизе качества зерна;
- формирования государственных ресурсов зерна и контроля за их количественно-качественным состоянием;
- государственного финансирования мероприятий по защите и карантину растений;
- контроля за соблюдением специальных требований правил хранения зерна предприятиями по заготовке зерна.
Статья 7. Компетенция Правительства Республики Таджикистан
Правительство Республики Таджикистан:
- разрабатывает и реализует государственную зерновую программу-программу развития рынка зерна и зерновой индустрии Республики Таджикистан;
- утверждает программы государственной поддержки производства зерна, формирует благоприятные условия для привлечения инвестиций и принимает меры по развитию зернового рынка и поддержанию его стабильности;
- утверждает объем, структуру, правила формирования, хранения и использования государственных ресурсов зерна;
- заключает межправительственные соглашения, связанные с операциями с зерном.
Статья 8. Импорт и экспорт зерновых продуктов
1. Из иностранных государств в Республику Таджикистан может быть импортировано зерно, прошедшее регистрацию в государственном реестре, имеющее выданный в соответствующем порядке сертификат соответствия или свидетельство о его признании.
2. Зерновые продукты, не имеющие соответствующего сертификата, предусмотренного в действующих в Республике Таджикистан нормативных документах, могут быть импортированы на территорию Республикой Таджикистан только в установленном законодательством порядке для демонстрации на выставках, в целях исследования и проведения испытания.
3. Экспорт зерновых продуктов осуществляется в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан и международными правовыми нормами, признанными Республикой Таджикистан.
ГЛАВА З. ГОСУДАРСТВЕННАЯ ПОДДЕРЖКА ПРОИЗВОДСТВА И РЕАЛИЗАЦИИ ЗЕРНА
Статья 9. Формы государственной поддержки
В целях обеспечения стабильности зернового рынка государство осуществляет следующие формы поддержки производства и реализации зерна:
- обеспечение специализированных семеноводческих хозяйств суперэлитными и элитными семенами для производителей зерна в порядке, определяемом Правительством Республики Таджикистан;
- выделение средств из государственного бюджета на проведение мероприятий по карантину и защите растений;
- закупка зерна в государственные резервы зерна;
- выдача семенных ссуд отечественным товаропроизводителям из государственных ресурсов семян;
- финансирование мелиоративных, механических и технических мероприятий в рамках государственных программ;
- финансирование программ научных исследований по селекции, семеноводству и сохранению плодородия почвы;
- содействие по внедрению новых прогрессивных технологий производства и хранения зерна.
Статья 10. Государственные ресурсы зерна
1. Государственные ресурсы зерна состоят из:
- государственного резерва продовольственного зерна;
- государственных ресурсов фуражного зерна;
- государственных ресурсов семян зерна;
- государственных реализационных ресурсов зерна;
- запасных государственных ресурсов (стратегические запасы государства).
2. Государственные ресурсы зерна формируются за счет местного производства и за счет импорта.
3. Государственные ресурсы зерна являются собственностью Республики Таджикистан.
4. Правила формирования, хранения, освежения, перемещения и использования государственного резерва зерна определяются Правительством Республики Таджикистан.
ГЛАВА 4. ПРЕДПРИЯТИЯ ПО ЗАГОТОВКЕ ЗЕРНА
Статья 11. Назначение предприятий по заготовке зерна
1. Предприятия по заготовке зерна признаются товарным складом общего пользования.
2. Услуги по хранению зерна осуществляются хлебоприемными предприятиями по заготовке зерна на основании договора.
3. Предприятия по заготовке зерна осуществляют деятельность по хранению зерна в соответствии с квалификационными требованиями.
Статья 12. Обязанности предприятий по заготовке зерна
Предприятия по заготовке зерна обязаны:
- соблюдать порядок хранения зерна, а также проводить мероприятия, обеспечивающие количественную и качественную сохранность зерна согласно нормативным правовым актам, утвержденным в установленном порядке;
- в необходимых случаях обеспечивать в установленном порядке отбор проб зерна для экспертизы;
- возмещение расходов хлебоприемных предприятий по хранению зерна осуществлять в соответствии с договором.
ГЛАВА 5. КАЧЕСТВО ЗЕРНОВЫХ ПРОДУКТОВ
Статья 13. Обеспечение качества зерновых продуктов
Качество зерновых продуктов обеспечивается следующими способами:
- нормированием требований к качеству зерновых продуктов;
- проведением оценки качества зерновых продуктов и их государственной гигиенической регистрацией;
- сертификацией зерновых продуктов;
- государственным контролем за качеством зерновых продуктов.
Статья 14. Нормирование требований к качеству зерновых продуктов
1. Нормирование требований в сфере обеспечения качества продуктов переработки зерна осуществляется в порядке нормирования требований к качеству и безопасности пищевых продуктов.
2. Нормирование обеспечения качества зерна - это определение стандартов и требований, регулирующих условия производства, заготовки, доведения до кондиции, перевозки, хранения, переработки и продажи различных видов зерна.
3. Соблюдение порядка нормирования требований обеспечения качества зерновых продуктов является обязательным для всех субъектов зерноводческой деятельности.
Статья 15. Оценка качества зерновых продуктов и их государственная гигиеническая регистрация
1. Оценка качества зерновых продуктов проводится в назначенных в установленном порядке специализированных лабораториях по единой методике.
2. Состав производимых в Республике Таджикистан и ввозимых в республику зерновых продуктов анализируется и оценивается по химическим, биологическим, токсикологическим и радиологическим показателям.
3. Продукты переработки зерна соответствующим органом проходят также гигиеническую регистрацию в государственном реестре.
Статья 16. Сертификация зерновой продукции
1. Зерновым продуктам с показателями оценки качества, а также продуктам переработки зерна, прошедшими государственную гигиеническую регистрацию, выдаются сертификаты качества зерна.
2. Правила сертификации зерновых продуктов регулируются нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, контроль за соблюдением которых осуществляет уполномоченный орган Правительства Республики Таджикистан.
Статья 17. Государственный контроль за качеством зерновых продуктов
1. Цель государственного контроля за качеством зерновых продуктов заключается в обеспечении соблюдения физическими и юридическими лицами стандартов и требований, регулирующих производство, заготовку, хранение, перевозку, продажу, импорт и экспорт зерновых продуктов.
2. Порядок организации и деятельности государственного контроля за качеством зерновых продуктов определяет Правительство Республики Таджикистан.
ГЛАВА 6 ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ
Статья 18. Ответственность за нарушение настоящего Закона
Физические и юридические лица за нарушение настоящего Закона несут ответственность в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
Статья 19. Порядок введения в действие настоящего Закона
Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Э. Рахмонов
г. Душанбе
28 июля 2006 года № 200
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О зерне"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О зерне".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан С. ХАЙРУЛЛОЕВ
г. Душанбе,30 июня 2006 года №331
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О зерне"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О зерне", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О зерне".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М. Убайдуллоев
г.Душанбе,20 июля 2006 года № 229