Бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 феврали соли 1996,№93
маъқул дониста шудааст
Барномаи давлатии тарбия ва маълумоти экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2000 ва дар давраи то соли 2010
Барномаи давлатии тарбия ва маълумоти экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 марти соли 1995 № 225 "Дар бораи масъалаҳои ташкили сарбия ва маълумоти экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва мутобиқи талаботи моддаҳои 73-77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи табиат" таҳия шудааст. Ин Барнома дар оянда барои васеъ намудан ва такмили системаи тарбияи ҳифзи табиат ва гузариш ба дараҷаи сифатан нави тарбияи кадрҳо мувофиқи талаботи стандарти байналхалқӣ равона гардидааст.
Дар таҳияи Барномаи мазкур мутахассисони Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Татбиқи ин Барнома бояд ҳамчун шарти зарурии аз нигоҳи экологӣ асоснок ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳалли вазифаҳои истифодаи оқилонаи табиат бо нигоҳ доштани биосфера ва муҳити табиати барои саломатии инсон мусоидро таъминкунанда, баҳо дода шавад.
Барнома умуман ба талаботи ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ ҷавобгӯ буда, аз нуқтаи назари ҳифзи муҳити зист ва тарбияю маълумоти экологӣ ба насли имрӯзаву оянда хизмат мекунад.
Барнома талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намуда, вазорату адораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳоро ӯҳдадор мекунад, ки муҳофизати об, замин, канданиҳои фоиданок, олами ҳайвоноту наботот, экологияи шаҳру деҳот, саноат, нақлиёт, сохтмон, тандурустӣ, маорифи халқ, фарҳанг, кишоварзӣ, ҳуқуқу васоити ахбори умумро таҳти масъулияти худ бигиранд.
Ин Барнома вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳоро, сарфи назар аз шакли моликияташон ӯҳдадор мекунад, ки дар тарбия ва маълумоти экологии аҳолии ҷумҳурӣ ҳамфикр буда, доир ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи табиат бо дарназардошти манфиати наслҳои имрӯзаву оянда барномаи соҳавии худро дошта бошанд.
Дар тарбия ва маълумоти экологии аҳолии ҷумҳурӣ зарур аст, ки урфу одати анъанавӣ ва миллии аҳолии маҳаллӣ, дин, адабиёту санъат ва ғайра ба инобат гирифта шавад.
Ин ҳуҷҷат васоити ахбори умум радио, телевизион, нашрияҳои давриро вазифадор мекунад, ки барномаҳои илмию методӣ, васоити таълимиро доир ба тарбия ва маълумоти экологӣ аз рӯи масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ба таваҷҷӯҳи аҳолӣ фавран расонанд.
Вазифаи асосии Барномаи мазкур иборат аст аз: таълими ҳар одам дар маҳалли зист ва дар ҷои кори худ қабули қарори аз нигоҳи экологӣ босаводона дар ҷодаи истифодаи оқилонаи табиат, ки бо роҳи буньёди системаи ягонаи мунтазами таълим ва тарбияи аҳолии ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла системаи тарбияи томактабӣ, маълумот дар мактабҳои миёна ва махсус, ба даст меояд; таълиму тарбияи кормандони инженерию техникии баландихтисос; таълиму тарбияи мутахассисон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо маълумоти миёнаи махсус ва олӣ; таълиму тарбияи мутахассисони дигар ихтисосҳо аз нигоҳи ҳифзи табиат; такмили ихтисос ва таълиму тарбияи кормандони роҳбарикунанда, мутахассисони кишоварзӣ ва кадрҳои омӯзгорӣ дар системаи маълумотии баъди мактаби олӣ; таълиму тарбияи кадрҳои дараҷаи баланди илмӣ.
I. Шартҳои зарурии таъмини иҷрои Барнома
Заминаи муҳимтарини татбиқи Барнома ташкили механизми меъёрию ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию сиёсӣ дар давлати ҳуқуқӣ мебошад. Ноил шудан ба ҳалли вазифаҳои мазкур маблағгузории мақсадноку барои амалӣ гардидани Барномаи давлатӣ заруриро тақозо менамояд.
Барнома таъмини иҷрои вазифаҳои зайлро пешбинӣ менамояд:
1. ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати муҳити зист барои саломатӣ мусоид;
2. механизми иқтисодии истифодаи табиат;
3. меъёри сифати муҳити зист;
4. экспертизаи давлатии экологӣ;
5. талаботи экологӣ ҳангоми ҷобаҷокунӣ, ба нақшагирии сохтмони аз нав сохташаванда, ба истифода додани иншоотҳои саноатии мавҷуда ва дигар объектҳо;
6. хабар намудани ҳолатҳои аз нигоҳи экологӣ фавқулодда;
7. ҳифзи объектҳои табиӣ;
8. назорат ҷиҳати ҳифзи муҳити зист;
9. иштироки аҳолӣ дар муҳофизати табиат;
10. ҳалли масъалаҳои баҳснок доир ба муҳити зист;
11. масъулият ҳангоми вайрон кардани қонунгузорӣ дар мавриди ҳифзи муҳити зист;
12. пардохти бечунучарои ҷарима барои расонидани зарар ҳангоми вайрон кардани Қонун "Дар бораи ҳифзи табиат";
13. ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи якология ва ҳифзи муҳити зист;
14. тадқиқоти илмию иқтисодӣ дар соҳаи маълумот ва тарбияи аҳолӣ.
Барои татбиқи вазифаҳои мазкур дуруст ба роҳ мондани ҷараёнҳои маълумотию тарбиявӣ ва корҳои илмию тадқиқотӣ доир ба экология ва ҳифзи муҳити зист зарур аст.
Бо мақсади такмили умумии комплексии маданияти экологӣ, маълумот, тарбияи ҷомеа ва таълиму тарбияи мутахассисони касбӣ зарур буда, маълумоти экологии фаҳмою мунтазами ҳамагонии комплексии таъминкунандаи тамоми ҷараёни таълиму тарбияи томактабӣ ва мактабӣ, таълиму тарбияи мутахассисони эколог дар мактабҳои олӣ, таълиму тарбияи минбаъдаи тахассусӣ ва такмили ихтисос ҷорӣ карда шавад.
Барои ба даст даровардани маълумоти ибтидоии экологӣ маданияти экологии шаҳрвандонро инкишоф дода, зарур аст, ки дар боғчаҳои бачагон, мактабҳои миёна, омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, техникуму коллеҷҳо ва мактабҳои олии Ҷумҳурӣ омӯзиши экологии ҳамагонӣ ҷорӣ гардад, сарфи назар аз ихтисосу касб, дар назар аст роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ашхоси соҳибмансаб, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи табиати муҳити зист ва саломатии одамон вобаста асту ба корҳои роҳбарӣ таъин мешаванд, вазифадоранд аз аттестацияи экологӣ гузаранд. Моддаи 75 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи табиат" ба кор роҳ додани ашхосеро, ки дониши зарурии экологӣ надоранд, манъ мекунад.
Вазорати ҳифзи табиат бояд такмили мунтазами маълумоти экологии ашхоси соҳибмансабро таъмин намояд.
Бо мақсади муносибати ғамхорона ва эҳтиёткорона ба табиат ва захираҳои он тарғиби ҳамаҷонибаи донишҳои экологӣ ва қонунгузории ҳифзи табиат зарур аст.
Тарғиби донишҳои экологӣ, маълумоти экологию ҳуқуқӣ ва маърифати экологиро бояд мақомоти давлатӣ, иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори умум таъмин намоянд.
Барои дуруст ташкил намудани маълумоти экологӣ ва ҳифзи муҳити зист тадқиқоти илмӣ, ки бояд Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазоратҳо, инчунин мактабҳои олӣ машғул шаванд, зарур мебошад. Онҳо бояд нақшаҳои илмии комплексии соҳавиро доир ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва аз нав барқарор намудани онҳо таҳия намоянд.
II. Асосҳои илмӣ, хусусиятҳои хоси маълумот ва тарбияи аҳолӣ дар соҳаи экология, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи табиат
Асоси илмии Барнома бояд ба мазмунҳои буньёдии зайл такья намояд:
1. байни тамоми қисматҳои биосфера: замину литосфера, гидросфера, атмосфераю биотой мувозинати серҳаракатӣ /динамикӣ/ ва алоқаи мустаҳкам вуҷуд дорад;
2. инсоният ҷузъи биосфера аст;
3. зинда мондани инсоният аз муҳофизати сифати биосфера ва системаи экологии он вобаста мебошад;
4. тозагии об, замин, атмосфера, такрористеҳсоли сарватҳои аз нав барқароршаванда бо табдили биологии моддаҳо ва нерӯ /энергия/ дар системаи экологии биосфера муайян карда мешавад.
Маҳдудияти захираҳои биосфера ва қобилияти аз нав ба вуҷуд овардани қисматҳои муҳими он - системаи экологӣ имконияти бемаҳдуди роҳи густариши /экстенсивӣ/ тараққиёти хоҷагиро истисно мекунад.
Насли имрӯза аллакай бисьёр захираҳои табииро харҷ намуда, аз ҳисоби наслҳои оянда зиндагӣ мекунад. Бинобар ин ҷамъияти мо бояд бо роҳи сарфаи ҷиддӣ, худмаҳдудкунӣ ва истифодаи самараноки захираҳои боқимонда бо ҷалби гардиши техногении қаблан ба вуҷуд омада ва тамоми намудҳои партовҳои истеҳсолии ғуншуда тараққӣ кунад.
Биосфера тақсимнашаванда аст. Вай бидуни ҳудудҳои давлатию миллӣ вуҷуд дорад ва тараққӣ мекунад. Бинобар он шарти зарурии зинда мондан ва нигоҳ доштани мувозинат дар табиат муттаҳид кардани кӯшишҳои тамоми давлатҳою халқҳои ҷаҳон, ки ба ҳифзи хонаи умумӣ-табиат равона карда шудааст, мебошад.
Қисматҳои биосфера: ҳаво, хок, қаъри замин, ҷангал, об, олами ҳайвоноту наботот - нишонаҳои сарватҳои миллии кишварҳо ва халқҳо мебошанд, аз ин рӯ ҳар кас дар назди инсоният барои муҳофизат ва истифодаи оқилонаи онҳо масъул аст. Истифодаи боигариҳои миллии табиӣ бо ба инобат гирифтани арзишҳои умуминсонӣ бояд дар асоси санадҳи иқисодӣ ҳққӣа сиёсӣ ба тартиб дароварда шавад.
Беҳдошти муҳити зист, муҳайё сохтани шароити муносиб барои тандурустӣ ва фаъолияти эҷодии аҳолии кишвар талаботи муҳими ҳаёт, муайянкунандаи афзалиятноки самти Барномаи тарбиявӣ ва маълумотии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки ғолибан бо проблемаҳои мавҷудаи мамлакатҳои тараққикарда ва рӯ ба инкишоф монанд буда, бо онҳо зич алоқаманданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчунин бори вазнини ифлоскунии умумиҷаҳонии атмосфера /нақлиёт, объектҳои саноатӣ, саноати кӯҳкорӣ, хоҷагиҳои шаҳр/ ва гидросфераро, ки ба фаъолияти хоҷагидории давлатҳои ҳамсоя вобастаанд ба дӯш дорад ва ҳамзамон дар ифлосшавии минтақавӣ ва умумиҷаҳонии сайёраи Замин ширкат меварзад. Барои Ҷумҳурӣ хатари калони низоъҳои экологии минтақавӣ ба бӯҳронҳо табдил ёфтан вуҷуд дорад.
Бо дарназардошти инъикоси характери ҳудудии истифодаи табиат, экологикунонии системаи тарбия ва маърифати аҳолӣ бояд барои амалӣ гаштани на танҳо тадбирҳои соҳавӣ, балки асосан ба ҳалли проблемаҳои минтақавӣ нигаронида шавад.
III. Мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома
Мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома-ташкили асосҳои иҷтимоӣ, экологию иқтисодии тарбия ва маърифати аҳолии ҷумҳурӣ мебошад, ки:
а/ нигоҳ доштани мувозинати биосферӣ, баробар кардани равандҳои такрористеҳсол ва истифодаи захираҳои аз нав барқароршаванда, инчунин харҷи оқилонаи захираҳои аз нав барқароршаванда ба манфиати инкишофи устувору дарозмуддати ҷомеа;
б/ барқарор намудани вазифаҳои танзимии табиат дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ;
в/ ноил шудан ба шароити нисбатан мусоиди муҳити зист барои саломатии наслҳои имрӯзаву ояндаи мардум;
г/ ҳифзи фонди генетикӣ, гуногунии намуд ва манзаравии табиат, махсусияти манзаравию меъмории деҳот ва шаҳрҳо, ҳамчун дастовардҳои арзишноку ҷудоинопазири халқ чун асоси фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии тамоми аъзои ҷамъият. Амнияти экологии ҷумҳурӣ ва умуман минтақа бояд вазифаи афзалиятноки аҳамияти давлатӣ дошта шуморида шавад.
IV. Вазифаҳои Барнома дар оянда
Вазифаҳои Барнома дар оянда иборатанд аз:
а/ ба амал баровардани тадбирҳои паи ҳам дар мавриди аз навсозии равандҳои маълумотӣ ва тарбиявӣ дар асоси сарфаю эҳтиёти захираҳо дар тамоми зинаҳои истеҳсолоту истеъмолоти ҷамъиятӣ;
б/ таъмин намудани гузариши бо ҷидду ҷаҳди саноат ба равандҳои технологии кампартов ва комплексҳои истеҳсолоти бепартов;
в/ таҳияи системаи тадбирҳо доир ба ҷилавгирии оқибатҳои номусоиди ифлосшавии муҳити зист;
г/ таҳияи механизми хоҷагӣ дар асоси усулҳои идораи экологӣ ва иқтисодӣ;
д/ ташкили системаи ягонаи қонунгузорӣ, стандартҳо ва талаботи меъёрӣ дар асоси намудҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, сарбории антропогеннӣ ва вазъи муҳити зист;
е/ таъмини асоснокии экологию мувофиқ ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда, истифода ва аз нав барқароркунии захираҳои табиӣ;
ё/ боло бурдани сатҳи тарбия ва маълумоти экологии аҳолӣ аз мавқеи ҷаҳонбинӣ;
ж/ тақвият бахшидани нақши аҳли ҷомеа, талқини табиатдӯстӣ ва ҳифзи он;
з/ мутобиқ гардонидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои ҳуқуқии асосии байналхалқӣ дар соҳаи ҳифзи табиат ва таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисос.
V. Тарбияи экологӣ, маълумотӣ ва таълими кадрҳо
Тарбия ва маълумоти экологӣ, таълими кадрҳо дар шароити ҳозираи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бояд пеш аз ҳама ба дониши умдаю ҷаҳонбинии он такья кунад, зеро сухан ҷиҳати кӯмак ба ҳифзи табиат ва сарфаю эҳтиёти захираҳо не, балки аз рӯи натиҷаи ниҳоӣ роҷеъ ба тақдири инсон, зинда мондан ва муҳити мусоиди он меравад.
Алҳол дар Ҷумҳурӣ дар аксар фаъолияти ин соҳа мутахассисони баландихтисоси донандаи проблема, усул, ҳолати байналхалқию ватанӣ, стратегия ва тактикаи фаъолияти ҳифзи табиат мавҷуд нест. Ин вазъиятро муташаниҷ мегардонад. Бинобар ин азнавсозии таъхирнопазири системаи тарбия ва маълумоти экологии аҳолӣ бо роҳи дар соҳаи маориф таҳия ва татбиқ намудани системаи ягонаи умумии муназзами тарбия ва маълумоти экологӣ, маданият, аз ҷумла дар муассисаҳои томактабӣ ва маълумоти умумӣ, лицейҳо, мактабҳои олӣ, системаи маълумоти каосб, таълиму тарбияи бо низоми кадрҳои роҳбарикунанда ва кормандони омӯзгорӣ дар системаи баъди маълумоти олӣ зарур аст.
Дар давраи солҳои 1996-2000 бояд зинаи аввали экологикунонии хоҷагии халқ, ки гузариш ба сарфаю эҳтиёти захираҳо ва истеҳсолоти аз нигоҳи экологӣ тоза аз ҳисоби таҷдиди таҷҳизот, татбиқи равандҳои технологию истеҳсолоти кампартов ва бепартов амалӣ гардад.
Барои ноил шудан ба ин мақсад бояд системаи маълумоти аҳолӣ ба ҳалли вазифаҳои зайл нигаронида шавад:
а/ таҳияи концепцияи илман асосноки тарбияи кадрҳои илми табиатшиносӣ, инженерию техникӣ ва гуманитарӣ дар мактабҳои олии Ҷумҳурӣ бо дониши амиқи ҳифз ва рушди биосфера;
б/ суръатфазоии таҷдиди таҷҳизот ва аз нав кардани системаи маълумот ва тарбияи кадрҳо дар муассисаҳои махсуси таълимӣ ва мактабҳои олии Ҷумҳурӣ /бо татбиқи зина ба зинаи системаи маълумоти альтернативӣ/, ки хатмкунандагон -мутахассисони аз нигоҳи экологӣ босавод дар соли 2001 гузариш ба зинаи дуюм ва дар соли 2006 ба зинаи сеюм тарбияи экологирро таъмин мекунад.
Таълиму тарбияи кадрҳо танҳо дар заминаи мактабҳои олии хуб ҷиҳозонидашуда ва муташаккил имкон дорад. Бинобар ин таъсиси кафедраҳои махсус ва шӯъбаҳо дар донишгоҳҳо бо қисман ҷалб намудани муаллимони хориҷӣ ва табодули доимии донишҷӯёну аспирантҳо бо мамлакатҳои хориҷӣ ҳамчун тадбири таъхирнопазир ба назар мерасад.
Таълим дар ин кафедраҳои махсус ва шӯъбаҳо бо иштироки якҷояи Вазорати ҳифзи табиат, фондҳои экологӣ, марказҳои экологии ҳисоби хоҷагӣ ва ассоциацияҳо зарур аст, ки анҷом додани ташаккулдиҳии онҳо дар соли 1996 асосан ба мақсад мувофиқ мебошад. Вазифаи асосии чунин кафедра ва шӯъбаҳо бояд таълиму тарбияи кормандони илмӣ, мутахассисони техникӣ-экологҳо ва нозирони экологии /аудиторҳо/ дараҷаи олие, ки қобилияти муайян кардани мувофиқати ҳама гуна барнома ва нақшаҳои хоҷагиро ба талаботи экологӣ доранд, бошад.
Дар заминаи мактабҳои олии пешбар ташкил намудани марказҳои вилоятии омӯзиши экологӣ дар мавриди таълиму тарбияи мутахассисон дар асоси принципҳои омӯзиши байнифаннии ба ҳалли комплекси проблемаҳои минтақавӣ нигаронидашуда, ки имконияти дар ҷараёни таълим шинос шудан бо тамоми ахбори пурраи илмии дақиқу муосир дар бораи муҳити зистро таъминкунанда, зарур аст. Ҷараёни таълим бояд тамоми давраи фаъолияти мутахассисонро дар бар гирад. Ин ҳамчунин ба тамоми шаклҳои таълими умумии экологӣ дахл дорад.
Мақомоти маҳаллӣ, роҳбарияти вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо барои таълим /бино, таҷҳизот, нақлиёт ва ғайра/ заминаи заруриро бояд муҳайё созанд. Бо мақсади рушди таълими ҳамагонии экологӣ зарур аст:
а/ аз соли 1996 дар боғчаҳои бачагон, коллеҷҳо, муассисаҳои. таълимии миёнаи махсус ва олй барномаҳои таълиму тербияи экологӣ мӯҳлати аввал барои 5 сол таҳия ва татбиқ карда шавад;
б/ доир ба баланд бардоштани сатҳи таълимии экологии роҳбарон ва мутахассисони хоҷагии халқ тадбирҳои муҳимро ба амал бароварда, шумораи курсҳо оиди мавзӯи ҳифзи табиат дар донишкадаҳои соҳавии дар назди марказҳои экологии вилоятӣ васеъ ва зиёд карда шавад;
в/ таҳияи маводи методии зарурӣ таъмин карда шавад;
г/ ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи тарбия ва маълумоти экологӣ васеъ карда шавад.
VI. Тарбия ва маълумоти экологӣ дар системаи маорифи ҷумҳурӣ
1. Тарбия ва маълумоти экологӣ дар муассисаҳои томактабӣ
Мақсади Барномаи тарбия ва маълумоти экологӣ ташаккули ҷаҳонбинии материалистӣ дар кӯдакон ва муносибати онҳо ба табиат мебошад.
Дар ҷараёни дарки эҳсосии муҳити зист сифатҳои нав да ҷаҳонбинии кӯдакон ба вуҷуд меоянд. Дар ин давра назари оддӣ ба муҳити зист ташаккул меёбад. Дар бораи табиат ва боигариҳои он дониши ибтидоӣ пайдо мешавад. Мушоҳидаҳои онҳо ба интихоби касб таъсир мерасонад.
Маълумоти экологии кӯдакон аз оила ва муассисаҳои томактабӣ оғоз меёбад. Маҳз аз ин синну сол дар онҳо таваҷӯӯҳ ба муҳити зист пайдо гардида, донишашон дар бораи тағьиротҳои мавсимӣ дар табиат, муносибати эҳтиёткорона ва дарки зебоӣ дар хусуси муҳити зист ташаккул меёбад.
Мақсади Барнома бо роҳҳои зайл ба даст меояд:
а/ таҳияи тавсияҳо ва адабиёти методӣ, маводи таълимию дидактикие, ки мазмун, шакл ва усули корро бо кӯдакон аз рӯи проблемаи мазкур бо алоқаи мутақобила бо тамоми ҷараёни таълимиву тарбиявии кӯдакистон фаро мегиранд;
б/ дар барномаҳои семинарҳо, маҷлисҳои фаъолон, курсҳои такмили ихтисоси кадрҳои омӯзгорӣ ва мураббиёни муассисаҳои томактабӣ ворид намудани фасли "Тарбияи экологии томактабӣ";
в/ ҷамъбаст ва тавсиаи таҷрибаи пешқадам /худӣ ва хориҷӣ/ дар тарбияи экологии кӯдакони синни томактабӣ.
2. Тарбия ва маълумоти экологӣ дар мактаби ибтидоӣ /синфҳои 1-4/
Барои дуруст ба роҳ мондани тарбия ва маълумоти экологӣ дар мактаби ибтидоӣ дар синфҳои 1-2 ҷорӣ намудани фанни "Муҳити зист" зарур аст. Мақсади фан аз инкишоф додани табиатдӯстӣ дар кӯдакон, донистани асосҳои ҷаҳонбинӣ, ки ба интихоби касб таъсир мерасонад, иборат мебошад. Дар синфҳои 3-4 ҳангоми омӯзиши фанни "Табиатшиносӣ" тарбияи экологӣ давом дода шавад.
Вазифаҳои нави зайл ба миён меоянд:
а/ дар таълими табиатшиносӣ бояд дастовардҳои алоҳидаи илм дар табиатшиносӣ, техникаи оддӣ, аммо барои имрӯз зарурӣ ва маводи табии маҳал истифода гардад;
б/ баланд бардоштани сатҳи таълими табиатшиносӣ, беҳтар намудани дарки илмию ҷаҳонбинӣ, тарбияи аҳлоӣ, муҳаббат ба табиат, ватандӯстӣ, интериационализм, меҳнатдӯстӣ ва ҳифзи саломатӣ;
в/ таҳкими иртиботи назария бо амалия, инкишофи мушоҳидакорӣ, ҷаҳонбинӣ ҳангоми таҳлил ва хулосабарорӣ дар мавриди интихоби касб, инчунин инкишофи маданияти нутқ ва фикрронӣ, бой гардонидани захираи луғавии мактаббачагон;
г/ таҳкими иртиботи байнифаннӣ бо экология;
д/ бо дарназардошти махсусияти синну соли кӯдакон бояд доир ба табиатшиносӣ ва ҳифзи муҳити зист донишҳои иловагӣ дода шавад;
е/ доир намудани машғулиятҳои амалӣ дар синф, сайёҳати табиат, диққатҷалбкунанда доир намудани машғулиятҳои кружокии натуралистони ҷавон, нашри фотомантаж, ташкили музейҳои табиӣ ва ҷамъоварии боигариҳои табиӣ, тавсияи адабиёт, баланд бардоштани дараҷаи дониши хонандагон ва муносибати хуб нисбат ба табиат.
Барномаи фанни "Табиатшиносӣ" бояд мазмуни фаслҳои зайлро фаро гирад: тақвими табиат; кайҳон; обу ҳаво; об; замин; олами набототу ҳайвонот; кишоварзӣ; ҳифзи муҳити зист, ки муносибати инсонро ва табиат инъикос менамоянд.
3. Тарбия ва маълумоти экологӣ, ҳифзи муҳити зист дар синфҳои 5-9
Мақсади барнома васеъ кардани дониши хонандагон, ки дар синфҳои ибтидоӣ гирифтаанд, мебошад. Барои ин зарур аст, ки дар маълумоти экологии хонандагони синфҳои 5-9 шароити маҳал дар тарбияи хонандагон дар рӯҳияи муҳаббат ба табиати диёр, аз нав барқарору афзун намудани боигариҳои он ба назар гирифта шаванд.
Вобаста ба ин ҳангоми таълими фанҳои табиатшносӣ, биология, зоология, ҷуғрофия, физика, химия, анатомия, физиология ва гигиенаи инсон ба хонандагон зарурати ҳифзи табиатро мефаҳмонанд.
Шӯрои педагогии мактабҳо бояд нақшаи корҳои берун аз синфию мактабиро доир ба экология ва ҳифзи муҳити зист таҳия ва тасдиқ намуда, дар он нақши мусбию самараноки ташкилотҳои ҷамъиятиро аз ин масъалаҳо нишон дода, ашхоси масъулро таъин намояд.
Дар ҷараёни таҳсил доир намудани озмуну олимпиадаҳо миёни мактабҳои ноҳия, шаҳру вилоят роҷеъ ба экология ва ҳифзи муҳити зист зарур аст.
4. Тарбия ва маълумоти экологӣ дар синфҳои 10-11
Тавре зикр гардид дар синфҳои 5-9 ҳангоми омӯзиш фанҳои таълим: ботаника, зоология, физика, химия, ҷуғрофия ва астрономия хонандагон маълумоти муайяни экологӣ мегиранд. Дар синфҳои 10-11 ҳамчунин омӯзиши амиқи ҷуғрофия, физика, химия, биологияи умумӣ ва геология идома меёбад. Бинобар ин барои мушаххас намудани дониши хонандагон доир ба экология ва ҳифзи муҳити зист зарур аст, ки дар нақшаи таълимии синфи II фанни махсус бо супоридани имтиҳон - "Экология ва муҳити зист" ворид карда шавад.
5. Тарбия ва маълумоти экологӣ дар омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо
Мақсади барнома амиқ намудани дониш дар бораи табиат буда, бо роҳҳои зайл ба даст оварда мешавад:
шомил намудани масъалаҳои ҳифзи табиат дар ҷараёни таълими корҳои тарбиявӣ. Дар курсҳои болои ҷорӣ кардани фанҳои факултатӣ доир ба проблемаҳои ҳифзи табиат;
таҳияи барномаҳо ва дастурҳои таълимӣ аз рӯи масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, ки категорияҳои аниқи мутахассисон дар соҳаи саноат, кишоварзӣ, соҳаҳои хизматрасонии хоҷагиҳои шаҳр ва ғайраро ба инобат гирифта, бо дарназардошти иқтидори таъсири онҳо ба вазъи муҳити зист тартиб дода шудаанд;
ҷорӣ намудани фаслҳо ва курсҳои махсус доир ба экология дар барномаи такмили ихтисос, таълиму тарбияи кадрҳои инженерию техникӣ ва омӯзгорӣ дар техникумҳо, омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ ва коллеҷҳо;
таҳияи барномаҳои таълимӣ доир ба таълиму тарбияи коргарон аз рӯи ихтисосҳое, ки бевосита бо истифодаи захираҳои табиӣ алоқаманданд;
ҷамъбаст ва тавсиаи таҷрибаи пешқадам доир ба экология ва ҳифзи муҳити зист;
шомил намудани проблемаҳои ҳифзи табиат дар корҳои дипломии хатмкунандагон.
6. Тарбия ва маълумоти экологӣ дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вобаста бо он, ки табиат барои ҷомеа аҳамияти ҳаётӣ, истеҳсолӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва ғайра дорад, маълумоти экологӣ ва ҳифзи муҳити зист бо фаъолияти кадрҳо зич алоқаманданд.
Бинобар ин иҷрои барномаи давлатӣ доир ба экология ва ҳифзи муҳити зист барои роҳбарони мактабҳои олӣ ҳатмист. Экология ва ҳифзи муҳити зист илми серсоҳа буда, бо ҷуғрофия, биология, иқтисод, тиббӣ, ҳуқуқ, таърих, равоншиносӣ, омӯзгорӣ ва фанҳои техникӣ алоқаманд аст. Аз ин рӯ зарур аст, ки донишҷӯён, сарфи назар аз ихтисоси мегирифтагиашон боз соҳиби маълумоти экологӣ бошанд. Дар тамоми факультетҳои мактабҳои олӣ /рӯзона, ғоибона, шабона/ҷорӣ намудани фан доир ба экология ва ҳифзи муҳити зист зарур мебошад.
Ҳангоми мураттаб сохтани барномаҳо барои мактабҳои олӣ бояд ихтисосашон ба инобат гирифта шавад. Дар тамоми мактабҳои олии ҷумҳурӣ ташкили кафедраҳои экологӣ зарур аст. Донишҷӯён ҳангоми иҷрои корҳои курсӣ ва дипломӣ бояд яке аз фаслҳои онро ба экология бахшанд.
Ҳангоми тартиб додани барномаҳои таълимӣ бояд ба фаслҳои зайл диққати махсус дода шавад:
а/ таърихи экология ва ҳифзи муҳити зист, алоқаи организмҳои гуногуни зинда дар муҳити зист, хусусияти экологӣ, мақоми инсон дар табиат, асосҳои таълимот дар бораи ҷомеа, системаи экологӣ ва биосфера;
б/ таърихи ҳифзи табиат, ҳолати имрӯзаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва хориҷа;
в/ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи он Қонунгузории ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон /Кодекси ҷиноӣ, Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъулият ҷиҳати ифлоскунии муҳити зист ва истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои табиӣ/;
г/ бо мақсади тарбияи кормандони илмиву амалии баландихтисос доир ба экология дар назди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгорӣ таъсис додани факультетҳо доир ба экология ва ҳифзи муҳити зист зарур аст.
7. Тарбияи кадрҳои баландихтисос дар аспирантура ва докторантураи назди Академияи илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мактабҳои олӣ
Бо мақсади тарбияи кормандони илмӣ дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист муҳайё сохтани шароитҳои мусоид барои аспирантҳо ва , докторантҳо дар ин соҳаи нав барои ҷумҳурӣ зарур аст.
Барои таъмину тарбияи омӯзгорони тамоми зинаҳо дар назди Донишгоҳи такмили ихтисоси омӯзгорон кабинети экология ва ҳифзи табиат таъсис дода шавад. Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии илмҳои омӯзгорони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи методӣ таҳия намуда, муассисаҳои таълимии тамоми самту намудҳои ҷумҳуриро таъмин намояд. Барои ҳамоҳангсозии корҳо доир ба тарбия ва маълумоти экологии аҳолӣ дар назди Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази илмиву методии ҷумҳуриявӣ доир ба экология ва ҳифзи муҳити зист таъсис дода шавад.
8. Хотима
Барномаи давлатии тарбия ва маълумоти экологии аҳолӣ аз талаботи санадҳои қонунгузории ҷумҳурӣ, инчунин аэ ҳама аввал, аз моддаи 44 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он "Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс", гуфта шудааст, бармеояд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи табиат", ки Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 қабул намудааст, дар фасли 12 "Таълиму тарбия, тадқиқоти илмии "экологӣ" роҳҳои ҳалли ин проблемаҳоро нишон дода, тарбия ва маълумоти умумӣ, комплексӣ ва муназзами экологӣ, ҳатмӣ будани таълими ,донишҳои экологӣ дар муассисаҳои таълимӣ , тарбияи тахассусию зкологии кормандони роҳбарикунанда ва мутахассисон, тарғиби донишҳои экологӣ дар байни аҳолӣ ва тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи экологияро муайян мекунад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи табиат аҳамияти калон дода мешавад. Соли 1994 Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот", "Дар бораи қаъри замин" қабул гардиданд. Дар соли 1996 Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзу истифодаи ҳавои атмосфера" ва "Дар бораи ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда" қабул мешаванд.
Доир ба таъини иҷрои талаботи Қонунҳои мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрӣ, ба монанди Низомномаҳо "Дар бораи Вазорати ҳифзи табиатиҶумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи назорати давлатии ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ", "Дар бораи зкспертизаи давлатии экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин", қарорҳо "Дар бораи масъулият ҷиҳати расонидани зарар барои ғайриқонунӣ ба даст овардану нест кардани олами ҳайвонот", "Дар бораи масъулият барои вайрон кардани қонунгузории ҷангал"ва ғайра қабул гардиданд.
Ҳамин тавр, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ буньёди қонунгузорию меъёрии ҳифзи табиат гузошта шудааст. Дар қонунгузории ҳифзи табиат мақсадҳои рушди мутавозеи ҷамъият ва табиат, ки ҳолати устувори муҳити табиӣ ва шароити таъмини осудаи зиндагии инсонро фароҳам орад, дар аҳолӣ афкори умумро таъсис диҳад ва дар маҷмӯъ муҳити табииро арзиши воло шуморад, нақши асосиро ишғол мекунад, инчунин эҳё ва рушди барои Ҷумҳурии Тоҷикистон маъмули фарҳанги истифодаи табиат, ки табиат ва инсонро ҳифз мекунад, таъмини афзалияти масоили ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ нисбати масоили қобили мақсади масъалаҳои иқтисодӣ.
Ва акнун бояд кор тавре сурат гирад, ки оммаи васеи аҳолӣ ва ҷомеа дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи он, дар муҳокимаи ошкоро ва демократии масъалаҳои ҳалли вобаста ба ин мавзӯъ фаъолона иштирок намоянд.
Муҳимтарин мақсад аз тарафи аҳолӣ дарк намудани ҳуқуқ ва масъулиятҳои худ оиди экология ва риояи бечунучарои онҳо мебошад. Барномаи давлатии тарбия ва маълумоти экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2000 ва дар давраи то соли 2010 маҳз ба иҷрои ҳамин мақсад равона гардидааст.
Государственная Программа по экологическому образованию и воспитанию населения Республики Таджикистан до 2000 года и на перспективу до 2010 года
Государственная Программа по экологическому образованию и воспитанию населения Республики Таджикистан разработана в соответствии с постановлением Правительства Республики Таджикистан от 23 марта 1995 года № 225, "О вопросах организации экологического воспитания и образования населения Республики Таджикистан" и согласно требованию статей 73-77 Закона Республики Таджикистан "Об охране природы" Она в перспективе направлена на расширение и совершенствование системы природоохранного воспитания и переход на качественно новый уровень подготовки кадров в соответствии с требованиями международного стандарта.
В разработке Программы принимали участие специалисты Министерства охраны природы Республики Таджикистан, Министерства образования Республики Таджикистан, Министерства здравоохранения Республики Таджикистан ученые Академии наук Республики Таджикистан и других министерств и ведомств республики.
Реализацию этой Программы следует рассматривать, как необходимое условие экологически обоснованного, устойчивого социально-экономического развития Республики Таджикистан, обеспечивающее решение задач рационального природопользования с сохранением биосферы и поддержанием благоприятной для здоровья человека природной среды. Она в целом соответствует организационному, правовому, экономическому требованиям, с точки зрения охраны окружающей среды и экологического воспитания и образования, будет служить нынешнему и будущему поколениям.
Программа, выполняя Требования Конституции Республики Таджикистан обязывает министерства, ведомства, организации, учреждения и предприятия взять под свою ответственность защиту воды, земли ,полезных ископаемых, растительного и животного мира, экологию городов и сёл, промышленность, транспорт, строительство, здравоохранение, народное образование, культуру, сельское хозяйство, право и средства массовой информации и обязывает министерства и ведомства, организации учреждения и предприятия, независимо от формы собственности, быть единомышленниками в экологическом воспитании и образовании населения республики, иметь собственную отраслевую программу по охране окружающей среды и природопользованию с учетом интересов нынешнего и будущих поколений.
В экологическом воспитании и образовании населения республики необходимо учитывать традиционные и национальные обычаи местного населения религий, литературу, искусство и др.
Этот документ обязывает средства массовой информации (радио, телевидение, печатные издания) оперативно доводить до населения республики научно-методические программы, учебные пособия по экологическому образованию и воспитанию по вопросам охраны окружающей среды.
Главная задача настоящей программы: научить каждого человека по месту жительства и на своем рабочем месте принимать экологически грамотные решения в области рационального природопользования, что достигается путем создания единой непрерывной системы образования и воспитания населения республики в области охраны окружающей среды, включая систему дошкольного воспитания, образования в средних и специальных школах; подготовку высококвалифицированных инженерно-технических работников; подготовку специалистов в области охраны окружающей среда со средним специальным и высшим образованием; природоохранную подготовку специалистов других профессий; повышение квалификации и переподготовку руководящих работников специалистов народного хозяйства и педагогических кадров в системе послевузовского образования; подготовку кадров высшей научной квалификации.
I. Необходимые условия обеспечения выполнения Программы
Важнейшей предпосылкой реализации Программы является создание нормативно-правового, экономического, социально-политического механизмов в правовом государстве. Достижение в решение указанных задач потребует целевых капиталовложений, необходимых для осуществления Государственной программы.
Программа предусматривает обеспечение выполнения следующих задач:
- охрану прав граждан на благоприятную для здоровья окружающую среду;
- экономического механизма природопользования;
- критерия качества окружающей среды;
- государственной экологической экспертизы;
- экологического требования при размещении, планировании строительства вновь строящихся и эксплуатации существующих промышленных сооружений и других объектов;
- предупреждения экологических чрезвычайных ситуаций;
- охрану природных объектов;
- контроль за охраной окружающей среды;
- участие населения в защите природы;
- решение спорных вопросов по окружающей среде;
- ответственность при нарушении Законодательства по охране окружающей среды;
- безусловной выплате штрафов за нанесенный ущерб при нарушении 3акона "0б охране природы";
- международного сотрудничества в области экологии и охраны окружающей среды;
- научно-экономического исследования в области образования и воспитания населения.
Для реализации вышеупомянутых задач необходима правильная постановка образовательных и воспитательных процессов и научно-исследовательских работ по экологии и охраны окружающей среды.
С целью совершенствования всеобщей комплексной экологической культуры, образования и воспитания общества и подготовки профессиональных специалистов необходимо ввести всеобщее непрерывное комплексное доступное экологическое образование, обеспечивающее весь процесс дошкольной и школьной подготовки, подготовка специалистов экологов в высших учебных заведениях, последующей профессиональной подготовки и переподготовки
Чтобы достичь первоначального экологического образования, развить экологическую культуру граждан, необходимо ввести всеобщее экологическое обучение в детских садах, средних школах, професионально-технических училищах, техникумах, колледжах и высших школах республики, независимо от специальности и профессии, имеется ввиду, что руководители министерств ведомств, организаций и учреждений , должностные лица, деятельность которых связана с охраной окружающей природной среды и здоровья человека, назначаемые на руководящую работу, обязаны пройти экологическую аттестацию. Статья 75 Закона Республики Таджикистан "Об охране природы" запрещает допуск к работе лиц, не имеющих соответствующих экологических знаний.
Министерство охраны природы должно обеспечить непрерывное усовершенствование экологического образования должностных лиц.
С целью заботливого отношения к природе и бережного отношения к ее ресурсам, необходима всесторонняя пропаганда экологических знаний и природоохранного законодательства.
Пропаганду экологи знаний, эколого-правового образования и экологической культуры должны обеспечить государственные органы, профессиональные союзы Республики Таджикистан, общественные объединения и средства массовой информации.
Для правильной постановки экологического образования и охраны окружающей среды, необходимы научные исследования, которыми должны заниматься Академия наук Республики Таджикистан, Академии сельскохозяйственных наук Республики Таджикистан, Министерство образования Республики Таджикистан, Министерство охраны природы Республики Таджикистан и другие министерства а также высшие учебные заведения. Они должны разработать отраслевые комплексные научные планы по охране окружающей среды, рациональному использованию природных ресурсов и их восстановлению.
II. НАУЧНЫЕ ОСНОВЫ, ХАРАКТЕРНЫЕ ОСОБЕННОСТИ ОБРАЗОВАЛИ И ВОСПИТАНИЯ НАСЕЛЕНИЯ В ОБЛАСТИ ЭКОЛОГИИ,ОХРАНЫ ОКРУЖАЮЩЕЙ СРЕДЫ И РАЦИОНАЛЬНОГО ПРИРОДОПОЛЬЗОВАНИЯ
Научная основа Программы должна базироваться на следующих фундаментальных положениях:
- между всеми компонентами биосферы: земли-литосферой, гидросферой атмосферой и биотой существует динамические равновесия и Неразрывная связь;
- человечество - часть биосферы;
- выживание человечества зависит от сохранения качеств биосферы и его экосистем;
- чистота вод, земли, атмосферы, воспроизводство возобновимых ресурсов определяется биологическим круговоротом веществ и энергии в экосистемах биосферы;
Ограниченность резервов биосферы и воспроизводящей способности её важнейших компонентов - экосистем исключают неограниченную возможность экстенсивного пути хозяйственного развития.
Нынешнее поколение уже во многом израсходовало природные ресурсы и живет за счет будущих поколений. Поэтому наше общество должно развиваться по пути строгой экономии, самоограничения и эффективного использования оставшихся ресурсов с вовлечением в техногенный круговорот ранее образовавшиеся и накопившиеся отходы всех видов производства
Биосфера неделима. Она существует и развивается вне государственных и национальных границ. Следовательно, необходимым условием выживание и сохранения равновесия в природе является консолидация усилий всех государств и народов мира, направленных на сохранение общего дома-природы.
Компоненты биосферы; воздух, почва, недра, леса, воды, растительный и животный мир -являются элементами национальных богатств стран и народов, поэтому каждый ответственен перед человечеством за их сохранение и рациональное использование. Пользование природным национальным богатством должно регламентироваться экономическими, юридическими и политическими актами, исходя из приоритета общечеловеческих ценностей.
Оздоровление окружающей среды, создание оптимальных условий для здоровья и творчества населения страны, является важнейшим требованием жизни, определяющим приоритетность направления государственной образовательной и воспитательной программы суверенного Таджикистана ,во многом сходны с проблемами ,существующими в развитых и развивающихся странах и тесно с ними связана.
Республика Таджикистан также несет на себе бремя общего глобального загрязнения атмосферы (транспорт, промышленные объекты, горная промышленность, городские хозяйства) и гидросферы, связанное с хозяйственной деятельностью соседних государств, и в то же время участвует в региональном и глобальном загрязнении планеты. Для республики существует высокий риск перерастания региональных экологических конфликтов в кризисы.
Учитывая ярко выраженный территориальный характер природопользования, система экологизации образования и воспитания населения должна быть ориентирована на осуществление не только отраслевых мероприятий, но и главным образом, на решение региональных проблем.
III. ЦЕЛЬ И ОСНОВНЫЕ ЗАДАЧИ. ПРОГРАММЫ
Цель и основные задачи программы -это создание социально-эколого-экономических основ воспитания и образования населения республики, обеспечивающих:
а/ сохранение биосферного равновесия, сбалансированность процессов воспроизводства и использования невозобновимых ресурсов, а также рациональное расходование невозобновимых ресурсов в интересах длительного и устойчивого развития общества;
б/ восстановление регуляторных функций природы на локальном, региональном и глобальном уровнях;
в/достижение наиболее благоприятного состояния окружающей среды для здоровья настоящего и будущего поколений людей;
г/ сохранение генетического фонда, видового и ландшафтного разнообразия природы, ландшафтно - архитектурных особенностей сёл и городов, как бесценного, неотъемлемого достояния народа, как основы национальных культур и духовной жизни всех членов общества, Экологическую безопасность Республики и региона в целом, следует считать приоритетной задачей государственного значения.
IV. ЗАДАЧИ ПРОГРАММЫ НА ПЕРСПЕКТИВУ
Задачи программы на перспективу заключаются в следующем:
а/ осуществить последовательные меры по перестройке образовательных и воспитательных процессов на основе ресурсосбережения во всех звеньях общественного производства и потребления;
б/ обеспечить активный перевод промышленности на малоотходные технологические процессы и комплексы безотходных производств;
в/ разработать систему мероприятий по предупреждению не благоприятных последствий загрязнения окружающей среды;
г/ разработать хозяйственный механизм на основе экологических и экономических методов управления;
д/ создать единую систему законодательства, стандартов и нормативных требований, исходя из вида хозяйственной деятельности, антропогенных нагрузок и состояния окружающей среды;
е/ обеспечить эколого-географически обоснованное размещение производственных сил, использование и воспроизводство природных ресурсов;
ё/ повысить уровень экологического образования и воспитания населения с мировоззренческих позиций;
ж/ усилить роль общественности, привить любовь к природе и её бережной охраны;
з/ привести законодательство Республики Таджикистан в соответствие с основными международными правовыми актами в области охраны природы и подготовки высококвалифицированных специалистов.
V. ЭКОЛОГИЧЕСКОЕ ВОСПИТАНИЕ, ОБРАЗОВАНИЕ И ПОДГОТОВКА КАДРОВ
Экологическое воспитание и образование, подготовка кадров в современных условиях суверенитета республики должны прежде всего, исходить из его основополагающего мировоззренческого знания, так как речь идёт не просто о содействии охране природы и ресурсосбережении, но в конечном счете о судьбе человека, о его выживании и благополучном развитии.
В настоящее время в республике отсутствует высококвалифицированные специалисты во многих сферах деятельности, владеющие проблематикой, методологией, международной и отечественной ситуацией, стратегией и тактикой природоохранной деятельности. Это весьма усугубляет положение Поэтому необходима безотлагательная перестройка системы экологического образования и воспитания населения путем разработки и внедрения в сферу образования единой системы всеобщего непрерывного экологического образования, воспитания и просвещения, включая дошкольные и общеобразовательные учреждения, лицеи, ВУЗ-ы, профессиональную систему образования и систематическую переподготовку руководящих кадров и педагогических работников в системе после вузовского образования;
В период 1996-2000 годов должен быть реализован первый этап экологизации народного хозяйства, обеспечивающий переход на ресурсосбережение и экологически чистые производства за счет технического перевооружения, внедрения малоотходных и безотходных технологических процессов и производств.
Для достижения этой цели система образования населения должна ориентироваться на решение следующих задач:
а/ разработке научно-обоснованной концепции подготовки естественно- научных, инженерно-технических и гуманитарных кадров в ВУЗ-ах республики с глубоким знанием сохранения и развития биосферы;
б/ ускорении технического перевооружения и комплексной реконструкции системы образования и подготовки кадров в СУЗ-ах и ВУЗ-ах республики с поэтапной реализацией альтернативных систем образования, обеспечивающей выпуск экологически грамотных специалистов: к 2001 году перейти на второй, к 2006 году на третий этап - подготовки экологов.
Подготовка кадров возможна только на базе хорошо оснащённых и высокоорганизованных ВУЗ-ах республики. Поэтому неотложной мерой представляется открытие специальных кафедр и отделений в университетах с частичным привлечением иностранных преподавателей и постоянным обменом студентами и аспирантами, с зарубежными странами.
Обучение на этих специализированных кафедрах и отделениях необходимо сочетать с участием Министерства охраны природы, экологических фондов, хозрасчетных экологических центров и ассоциаций, формирование которых, в основном целесообразно, завершить в 1996 году. Главной задачей таких кафедр и отделений должны быть подготовка научных работников, технических специалистов-экологов и экологических контролёров (аудиторов) высшей квалификации, способных определять соответствие экологическим требованиям любых хозяйственных планов, и программ.
Необходимо создавать на базе ведущих ВУЗ-ов областные центры экологического обучения по подготовке и переподготовке специалистов на основе принципов междисциплинарного обучения, направленного на решение комплекса региональных проблем, обеспечивая доступ в процессе ко всей современной достоверной полной научной информации об окружающей среде. Процесс обучения должен охватить весь период деятельности специалистов. Это касается и всех форм экологического всеобуча.
Местные территориальные органы, руководство министерств и ведомств, предприятий и учреждений должны создать необходимую базу для обучения (помещения, оборудование, транспорт и т.п). В целях развития экологического всеобуча необходимо:
а/ разработать и ввести с 1996 года в детских садах, колледжах, средних специальных и высших учебных заведениях первые сроком на 5 лет программы экологического воспитания и обучения;
б/ осуществить кардинальные меры по повышению уровня экологического образования руководителей и специалистов народного хозяйства, расширить и увеличить число курсов по природоохранной тематике в отраслевых институтах повышения квалификации при областных экологических центрах;
в/ обеспечить разработку необходимых методических материалов;
г/ расширить международное сотрудничество в деле экологического воспитания и образования.
VI. ЭКОЛОГИЧЕСКОЕ ВОСПИТАНИЕ И ОБРАЗОВАНИЕ В СИСТЕМЕ ОБРАЗОВАНИЯ РЕСПУБЛИКИ
1. Экологическое воспитание и образование в дошкольных учреждениях.
Целью программы экологического воспитания и образования является формирование материалистического мировоззрения у детей и их отношения к природе.
В процессе эмоционального познания окружающего мира у детей развиваются новые качества. В этот период формируются элементарные взгляды на окружающий мир. Появляются первоначальные знания о природе и её богатствах. Их наблюдения оказывают влияние на выбор профессий.
Экологическое образование у детей начинается в семье и в дошкольных учреждениях. Именно с этого возраста у них проявляется интерес к окружающему миру, формируется знание о сезонных изменениях в природе, воспитывается бережное отношение и видение красоты в окружающей среде.
Цель этой программы достигается:
а/ разработкой методических пособий и рекомендаций, учебно-дидактических материалов, раскрывающих содержание, формы и методы работы с детьми по данной проблеме во взаимосвязи со всем воспитательно-обучающим процессом детского сада;
б/ введением раздела "Экологическое воспитание дошкольников" в программах семинаров, активов, курсов повышения квалификации педагогических кадров и воспитателей дошкольных учреждений;
в/ обобщением и распространением передового опыта (собственного и зарубежного) в экологическом воспитании детей дошкольного возраста.
2. Экологическое воспитание и образование в начальной школе (1-4 класса )
Для правильной постановки экологического воспитания и образования в начальной школе необходимо ввести в 1-2 классах предмет "Окружающий нас мир". Цель предмета развивать у детей природолюбие, постичь основы мировоэрения, влияющие на выбор профессий.
В 3-4 классах продолжить экологическое воспитание при изучении предмета "Природоведение". Появляются новые задачи:
а/ в преподавании природоведения должны использоваться отдельные достижения науки в природоведении, элементарная, но на сегодняшний день необходимая техника, природные материалы местности;
б/ повышение уровня преподавания природоведения, улучшение научно-мировозренческого познания, воспитания нравственности, любви к природе, патриотизма, интернационализма, трудолюбия и охраны здоровья;
в/ укрепление связи теории с практикой, развитие наблюдательности, мировоззрения при анализе и выводах при выборе профессии, а также развитие культуры речи и мышления, обогащение словарного запаса школьников;
г/ укрепление межпредметных связей с экологией;
д/ с учетом возрастных особенностей детей следует давать дополнительные знания по природоведению и охране окружающей среды;
е/ проведение практических занятий в классе, экскурсий на природу, интересное проведение кружковых занятий юных натуралистов, выпуск фотомонтажей, организация музеев природы и сбора природных богатств, рекомендация литературы, поднятие уровня знаний учащихся и их доброго отношения к природе.
Программа предмета "Природоведение" должна охватить содержание следующих глав; календарь природы; космос; погода; вода; земля; растительный и животный мир; сельское хозяйство; охрана окружающей среды, которые раскрывают отношение человека к природе.
3. Экологическое воспитание, образование и охрана окружающей среды в 5-9 классах
Цель программы расширить знания учащихся, полученные в начальных классах. Для этого необходимо чтобы в экологическом образовании учащихся 5-9 классов учитывались местные условия в воспитании учащихся в духе любви к родной природе, к восстановлению и преумножению ее богатств.
В связи с этим при преподавании предметов природоведения, биологии, зоологии, географии, физики, химии, анатомии, физиологии и гигиены человека объяснять учащимся необходимость защиты природы.
Педагогический Совет школы должен разработать и утвердить план внеклассной и внешкольной работы по экологии и охране окружающей среды, в котором указать положительную и полезную роль общественных организаций по этим вопросам и назначить ответственных лиц.
В процессе учёбы необходимо проводить конкурсы, олимпиады среди школ района, города, области по экологии и охране окружающей среды.
4. Экологическое воспитание и образование в 10-11 классах.
Как было указанно, в 5-9 классах при изучении учебных дисциплин, ботаники, зоологии, физики, химии, географии и астрономии учащиеся получают определенное экологическое образование. В 10-1I классах, также продолжается углубленное изучение географии, физики, химии, общей биологи и геологии.
Поэтому для конкретизации знаний учащихся по экологии и охране окружающей среды, необходимо в II классе ввести в учебный план особый предмет со сдачей экзамена- "экология и окружающий нас мир"
5. Экологическое образование и воспитание в профессионально-технических училищах, техникумах и колледжах."
Цель программы углубление знаний о природе, которые достигается-следующим путем; "включением вопросов "охраны природы в учебный процесс воспитательной работы. Введение на старших курсах факультативных предметов по природоохранной проблеме; разработкой учебных программ, учебных пособий по вопросам охраны окружающей среды, рассчитанных на конкретные категории специалистов в области промышленности, сельского хозяйства, сферы услуг, городских хозяйства и т.д. составленных с учетом их потенциального воздействия на состояние окружающей среды; введением разделов и специальных курсов по экологии в программы повышения квалификации, переподготовки инженерно-технических и педагогических кадров в техникумах, профессионально-технических училищах в колледжах; разработкой учебных программ по подготовке и переподготовке рабочих по профессиям, непосредственно связанным с использованием природных ресурсов;