Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2003 № 74 "Масъалаҳои Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарур мекунад:
1. Шумораи кормандони ҳайати хизматрасони дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 15 воҳид ихтисор карда шавад.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2003 № 74 "Масъалаҳои Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
ба банди 2 қарор сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад)";
аз банди 2 қарор калимаҳои ",сохтори дастгоҳи марказии он", хориҷ карда шуда, Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2003 № 74 тасдиқ карда шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад;
сархати якуми банди 12 қарор дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 58 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 июни соли 2006 № 269
ш. Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2006 № 269
Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Роҳбарият
2. Раёсати шаҳрсозӣ ва меъморӣ
3. Раёсати идоракунии истеҳсолӣ
4. Раёсати ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ
5. Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус
6. Раёсати иқтисод ва молия
7. Раёсати корҳо
8. Шӯъбаи саноат, нақлиёт, механизатсия, энергетика, ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ
9. Бахши ҳуқуқ
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 февраля 2003 года № 74 "Вопросы Государственного комитета строительства и архитектуры Республики Таджикистан"
В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Сократить численность обслуживающего персонала центрального аппарата Государственного комитета строительства и архитектуры Республики Таджикистан в количестве 15 единиц.
2. В постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 февраля 2003 года №74 "Вопросы Государственного комитета, строительства и архитектуры Республики Таджикистан" внести следующие изменения и дополнения:
пункт 2 постановления дополнить новым абзацем следующего содержания:
"Структура центрального аппарата Государственного комитета строительства и архитектуры Республики Таджикистан изложить в новой редакции (прилагается)";
из пункта 2 постановления исключить слова "структура его центрального аппарата" и Структура центрального аппарата Государственного комитета строительства и архитектуры Республики Таджикистан, утвержденная постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 февраля 2003 года №74 считать утратившим силу;
абзац первый пункта 2 постановления изложить в следующей редакции:
"Установить предельную численность работников центрального аппарата Государственного комитета строительства и архитектуры Республики Таджикистан в количестве 58 единиц (без обслуживающего лерсонала)".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от "3" июня 2006 года № 269
г. Душанбе
Приложение
по становлением Правительства
Республики Таджикистан
от "3" июня 2006 года № 269
Cтруктура центрального аппарата Государственного комитета строительства и архитектуры Республики Таджикистан
1. Руководство
2. Управление градостроительства и архитектуры
3. Производственно-распорядительное управление
4. Управление нормативно-технической документации
5. Управление персоналом и спецработ
6. Управление экономики и финансов
7. Управление делами
8. Отдел промышленности, транспорта, механизации, энергетики, охраны труда и техники безопасности
9. Юридический сектор