Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" қабул карда шавад.
2. Дурнамои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2008 маъқул дониста шавад.
3. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худмазорати иҷрои буҷетро ба роҳ монда, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои буҷетиро аз ҷониби маблағгирандагон таҳлил ва ҳангоми зарурат натиҷаи таҳлилро барои барраси ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Буҷети давлатии тасдиқшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2006 аз рӯи даромад ба маблағи 1510000 ҳазор сомони бо назардошти баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 10000 ҳазор сомони ва аз рӯи хароҷот ба маблағи 1542000 ҳазор сомони, бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад (каср) ба маблағи 42000 ҳазор сомони барои иҷро қабул намояд;
- маблағгузории чорабиниҳои дар буҷет пешбинишударо дар доираи маблағи тасдиқшуда мутаносибан баробари даромади воқеи таъмин намояд;
- ҳангоми қабул намудани қарорҳое, ки дар дурнамои миёнамӯҳлат аз ҳисоби захираҳои молиявии давлат маблағгузориро талаб менамоянд, нишондиҳандаҳои пешбининамудаи дурнамои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2007-2008 ба инобат гирад;
- барои кам кардани бақияпулии корхона ва ташкилотҳо оид ба пардохти андози солҳои гузашта бо назардошти зарурати кандани қарзи то 1 январи соли 2006 ҷамъгардидаи ташкилотҳои буҷети дар назди ташкилотҳо - кредиторҳо, сарфи назар аз шакли моликият, чораҳо андешад;
- истифодаи мақсадноки маблағҳои фонди инноватсионии Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи "Барқи тоҷик"-ро аз тарафи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 60 фоизи маблағи аз додани сертификат бадастомада, ки ба ихтиёри Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мононда мешавад, аз тарафи Агентии мазкур таъмин намояд;
- оид ба пардохти музди истифодаи барқ, газ, алоқа, хизматрасонии коммунали ва дигар хизматрасониҳо аз тариқи бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешад;
- тавассути воситаҳои ахбори омма дар ҳар се моҳ оид ба рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006 ахбор диҳад.
5. Бонки миллии Тоҷикистон:
- якҷоя бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии ҷумҳури аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи моддаҳои 4 ва 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" андозу даромадҳоро сари вақт ба буҷети ҷумҳурияви ва буҷетҳои маҳалли гузаронад;
- аз рӯи амалиёти вобастаба хизматрасонии ӯҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати агенти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, иҷрои ҳисобу китоб ва пардохтҳоро оид ба ӯҳдадориҳои қарзии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
- барои сари вақт иҷро кардани пардохтҳои асъории Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006 мубодилаи маблағҳои буҷетиро ба асъори хориҷи мувофиқи дархости Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи қурби расмии бозори байнибонкии асъор таъмин намояд.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
аз 5 декабри соли 2005 № 184 ш. Душанбе
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2006 год"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
1. Принять Закон Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2006 год".
2. Одобрить прогноз Государственного бюджета Республики Таджикистан на 2007-2008 годы.
3. Комитетам Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, в пределах своих полномочий, наладить контроль за исполнением бюджета, анализировать целевое и эффективное использование бюджетных средств их получателями и при необходимости представить результаты анализа на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.
4. Правительству Республики Таджикистан:
принять к исполнению на 2006 год утвержденный Государственный бюджет Республики Таджикистан по доходам в сумме 1510000 тысяч сомони с учетом возврата налога на добавленную стоимость в сумме 10000 тыс. сомони и по расходам в сумме 1542000 тысяч сомони, с превышением расходов над доходами (дефицит) в сумме 42000 тысячи сомони;
обеспечить финансирование мероприятий, предусмотренных бюджетом, в пределах утвержденных сумм, пропорционально фактически поступившим доходам;
при принятии решений, которые в среднесрочной перспективе требуют вложений из государственных финансовых ресурсов, исходить из параметров, предусмотренных в прогнозе Государственного бюджета Республики Таджикистан на 2007-2008 годы;
принять меры по сокращению недоимки предприятий и организаций по налоговым платежам прошлых лет с учетом необходимости ликвидации образовавшейся на 1 января 2006 года задолженности бюджетных организаций перед организациями-кредиторами, независимо от форм собственности;
обеспечить целевое использование средств инновационного "фонда" Открытой акционерной холдинговой компании "Барки точик" "Министерством энергетики Республики Таджикистан и 60 процентов от выдачи сертификатов, оставляемых в распоряжении Агентства по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при "Министерстве экономики и торговли Республики Таджикистан названным Агентством;
принять меры по осуществлению оплаты за использование электроэнергии, газа, связи, коммунальных и других услуг через банков Республики Таджикистан;
через средств массовой информации ежеквартально информировать ход исполнения Государственного бюджета Республики Таджикистан на 2006 год.
5. Национальному банку Таджикистана:
- совместно с Государственным сберегательным банком Республики Таджикистан "Амонатбонк", Министерством по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан и коммерческими банками республики обеспечить безусловное и своевременное зачисление в республиканский и местные бюджеты налогов и доходов по установленным нормативам, указанным в статьях 4 и 5 Закона Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2006 год";
- выступить агентом Министерства финансов Республики Таджикистан по операциям, связанным с обслуживанием долговых обязательств Республики Таджикистан и обеспечить осуществление расчетов и платежей по государственным долговым обязательствам Республики Таджикистан;
обеспечить по заявкам Министерства финансов Республики Таджикистан конвертацию в иностранную валюту бюджетных средств по курсу межбанковского валютного рынка для своевременного осуществления валютных платежей Государственного бюджета Республики Таджикистан на 2006 год.
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан С. ХАЙРУЛЛОЕВ
г.Душанбе
5 декабря 2005 года №184