Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ба таъхир гузоштани пардохти боҷи гумрукӣ ва андози арзиши иловашуда
Бо мақсади таъмини идораҳои нотариалии давлатӣ ва мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ бо коғазҳои дорои нишони дараҷаи ҳифзаш муқарраршуда ва ҳуҷҷатҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номгӯи воридоту хароҷоти ҳисобномаи махсуси солҳои 2002-2005 пардохти арзиши маҳсулоти расондашуда, маблағи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андози арзиши иловашударо барои маҳсулоте, ки Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи СИБПРО-и Федератсияи Россия мувофиқи шартномаи №5/2002 аз 1 феврали соли 2002 ба ҷумҳурӣ ворид менамояд, пешбинӣ намоянд.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-мӯҳлати пардохти боҷи гумрукӣ ва андози арзиши иловашудаи маҳсулоти ба ҷумҳурӣ воридшавандаро, ки Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи СИБПРО-и Федератсияи Россия мувофиқи шартномаи №5/2002 аз 1 феврали соли 2002 ба ҷумҳурӣ мерасонад, ба муддати шаш моҳ ба таъхир гузорад;
-арзиши маҳсулоти расондашуда, боҷи гумрукӣ ва андози арзиши иловашударо аз ҳисоби маблағҳои махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз фурӯши маҳсулоти аз тарафи Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи СИБПРО-и Федератсияи Россия дохил мешаванд, пардохт намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 марти соли 2002 № 86
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об отсрочке уплаты таможенной пошлины и налога на добавленную стоимость
В целях обеспечения государственных нотариальных контор и органов Записи актов гражданского состояния республики гербовой бумагой с установленной степенью защиты и документами записи актов гражданского состояния Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Министерству юстиции Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан предусмотреть в сметах доходов и расходов специального счета на 2002-2005 годы оплату стоимости поставленной продукции, сумму оплат таможенных пошлин и налога на добавленную стоимость на ввозимую в республику продукцию. поставляемую Закрытым Акционерным Обществом СИБПРО Российской Федерации в соответствии с Договором №5/2002 от 1 февраля 2002 года.
2.Министерству финансов Республики Таджикистан:
- отсрочить срок уплаты таможенной пошлины и налога на добавленную стоимость на ввозимую в республику продукцию, поставляемую Закрытым Акционерным Обществом СИБПРО Российской Федерации в соответствии с Договором №5/2002 от 1 февраля 2002 года на шесть месяцев;
- произвести оплату стоимости поставленной Закрытым Акционерным Обществом СИБПРО Российской Федерации продукции, оплату таможенной пошлины и налога на добавленную стоимость за счет спецсредств Министерства юстиции Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 4 марта 2002 года № 86
г. Душанбе