ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи инкишофи энергетикаи хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади истифодаи самарабахши захираҳои барқароркардашавандаи энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бартараф намудани танқисии қувваи барқ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ташаббуси Ширкати давлатии саҳомию ҳолдингии "Барқи Тоҷик" ва Ассоциацияи энергетикаи хурди ва ғайримаъмулии Россия оид ба таъсис додани "Ассоциацияи энергетикаи хурди Тоҷикистон" (АЭХТ) маъқул дониста шавад.
Муассисон мувофиқи тартиби муқарраргардида дар муддати ду моҳ ҳуҷҷатҳои заруриро таҳия ва тасдиқ намоянд.
2. Ба зиммаи Ассоциацияи энергетикаи хурди Тоҷикистон инҳо гузошта шаванд:
таҳияи барномаи дарозмуддати инкишофи энергетикаи хурди ҷумҳурӣ;
ҳамоҳангсозии ҳамаи корҳо оид ба азнавбарқароркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи манбаъҳои офтобӣ, бодӣ, обҳои гарми зеризаминӣ ва дигар навъҳои ғайримаъмулии энергия;
ба роҳ мондани истеҳсоли таҷҳизоти технологии худии энергетикаи хурд дар ҷумҳурӣ ва сертификацияи он.
3. Раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҷумҳурӣ:
инвентаризацияи СБО-и хурди мавҷударо гузаронанд ва масъалаи истифодаи минбаъдаи онҳоро ҳал намоянд;
ҷиҳати ҷалб намудани инвестиция барои сохтмони объектҳои хурди энергетикӣ кӯмаки зарурӣ расонанд ва мусоидат намоянд.
4. Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1998 сар карда, ҳангоми таҳияи буҷети ҷумҳурӣ барои ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҷиҳати татбиқи барномаи инкишофи энергетикаи хурди ҷумҳурӣ ҷудо кардани маблағи баробар ба на камтар аз 500 ҳазор доллари ШМА (аз рӯи қурби муқаррарнамудаи Бонки миллӣ дар лаҳзаи ҷудокунӣ) маблағгузории асосиро пешбинӣ намоянд.
5. Ширкати давлатии саҳомию ҳолдингии "Барқи Тоҷик" қувваи барқи зиёдатиеро, ки СБО хурди шаклҳои моликияти ғайридавлатӣ истеҳсол мекунанд, аз рӯи тарифи миёнаи ҷумҳуриявӣ харидорӣ кунад.
6. Ширкати давлатии саҳомию ҳолдингии "Барқи Тоҷик" ҳар сол аз ҷониби маблағҳои худаш барои инкишофи энергетикаи хурд дар ноҳияву минтақаҳое, ки қувваи барқашон бо хароҷоти калон таъмин карда мешаванд, ҷудо кардани маблағро пешбинӣ намоянд.
7. Ба Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳои саҳомию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия карда шавад, ки дар татбиқи барномаи инкишофи энергетикаи хурди ҷумҳурӣ бо роҳи ҷалб намудани инвестицияҳо, чудо кардани маблағҳои хурд, додани қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок саҳмгирӣ намоянд.
8. Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ассоциацияи энергетикаи хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки хориҷии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалб намудани инвестиция барои маблағгузории сохтмони объектҳои хурди энергетикӣ корҳои дахлдорро анҷом диҳанд.
9. Воридоти таҷҳизоти комплектӣ, мавод ва қисмҳо барои объектҳои хурди энергетикӣ бо пешниҳоди Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боҷи гумрукӣ озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 июни соли 1997 № 267
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О РАЗВИТИИ МАЛОЙ ЭНЕРГЕТИКИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
С целью более эффективного использования возобновляемых энергоресурсов в Республике Таджикистан и ликвидации дефицита электроэнергии.
Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Одобрить инициативу Государственной акционерной холдинговой компании "Барки Точик" и Российской ассоциации малой и нетрадиционной энергетики о создании "Ассоциации малой энергетики Таджикистана" (АМЭТ). Учредителям разработать и утвердить в установленном порядке в двухмесячный срок необходимые документы.
2. Возложить на Ассоциацию малой энергетики Таджикистана:
разработку долгосрочной программы развития малой энергетики республики;
координацию всех работ по восстановлению, проектированию, строительству и эксплуатации малых ГЭС, установок по использованию солнечной, ветровой, геотермальной и других нетрадиционных видов энергии;
организацию в республике собственного производства технологического оборудования для малой энергетики и его сертификацию.
3. Председателям областей, городов и районов, министерствам и ведомствам, предприятиям и организациям республики:
провести инвентаризацию существующих малых ГЭС и решить вопросы их дальнейшего использования;
оказать необходимую помощь и содействовать в привлечении инвестиции для строительства объектов малой энергетики.
4. Министерству экономики и внешнеэкономических связей Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан при формировании Республиканского бюджета начиная с. 1998 г. предусматривать выделение капитальных вложений, эквивалентных не менее 500 тыс. долларов США (по курсу Национального банка на момент выделения) Хукуматам областей городов и районов республики для реализации программ развития малой энергетики республики.
5. Государственной акционерной холдинговой компании "Барки Точик" производить покупку излишков электроэнергии, вырабатываемой малыми ГЭС негосударственной формы собственности с оплатой по среднему тарифу по республике.
6. Государственной акционерной холдинговой компании "Барки Точию ежегодно предусматривать выделение собственных средств для:
развития малой энергетики в районах и регионах, обеспечивших наиболее высокий уровень оплаты потребляемой электроэнергии.
7. Рекомендовать Национальному банку Республики Таджикистан, Акционерно-коммерческим банкам Республики Таджикистан принять долевое участие в реализации программы развития малой энергетики республики путем привлечения инвестиций, вложения собственных средств предоставления льготных долгосрочных кредитов.
8. Министерству экономики и внешних экономических связей Республики Таджикистан, Ассоциации малой энергетики Республики Таджикистан, Центру по координации внешней помощи при Правительстве Республики Таджикистан провести соответствующую работу по привлечению инвестиций на финансирование строительства объектов малой энергетики.
9. Освободить импорт комплектующего оборудования, материалов и узлов для объектов малой энергетики от таможенных пошлин по представлению Министерства экономики и внешнеэкономических связей Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 4 июня 1997 года № 267
г. Душанбе