Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1998, № 239 "Дар хусуси комиссияи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи қарорҳо дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шартномаи таъмиқи ҳамгироӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ аз 29 марти соли 1996 ва ба созишномаҳои Иттиҳоди гумрукӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар хусуси комиссияи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи қарорҳо дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шартномаи таъмиқи ҳамгироӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ аз 29 марти соли 1996 ва ба созишномаҳои Иттиҳоди гумрукӣ

Бо мақсади татбиқи Қарори Шӯрои байнидавлатии Ҷумҳуриҳои Беларусь, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федерацияи Россия аз 28 апрели соли 1998 "Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шартномаи таъмиқи ҳамгироӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ аз 29 марти соли 1996 ва созишномаҳо дар бораи Иттиҳоди гумрукӣ", таъмини иштироки фаъолона ва самарабахши коршиносон дар маҷлисҳои гурӯҳи кории Кумитаи ҳамгироӣ ҷиҳати баррасӣ ва таҳияи лоиҳаи ҳуҷҷатҳо дар доираи Иттиҳоди гумрукӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Комиссияи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи қарорҳо дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шартномаи таъмиқи ҳамгироӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ аз 29 марти соли 1996 ва ба созишномаҳои Иттиҳоди гумрукӣ дар ҳайати замимагардида таъсис дода шавад.

2. Ба Раиси Комиссия, бо мувофиқаи вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дода шавад, ки ба фаъолияти худ дигар кормандони масъулро ҷалб намояд, инчунин ҷиҳати иштироки коршиносон дар маҷлисҳои гурӯҳи кории Кумитаи ҳамгироӣ таклифҳо пешниҳод намояд.

3. Роҳбари комиссия оид ба натиҷаи ҷаласаҳои Кумитаи ҳамгироӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси корҳои анҷомдодашуда ахборот диҳад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 16 июли соли 1998 № 239

ш. Душанбе

аз 16 июли соли 1998 № 239

ш. Душанбе

Замима

ба Қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 июли соли 1998 № 239

Замима

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О рабочей комиссии Республики Таджикистан по реализации решений о присоединении Республики Таджикистан к Договору об углублении интеграции в экономической и гуманитарной областях от 29 марта 1996 года и соглашениям о Таможенном Союзе

В целях реализации Решения Межгосударственного Совета Республики Беларусь, Республики Казахстан, Кыргызской Республики и Российской Федерации от 28 апреля 1998 года "О присоединении Республики Таджикистан к Договору об углублении интеграции в экономической и гуманитарной областях от 29 марта 1996 года и соглашениям о Таможенном союзе", обеспечения участия экспертов в заседаниях рабочих групп Интеграционного комитета по рассмотрению и выработке проектов документов в рамках Таможенного союза, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Образовать рабочую комиссию Республики Таджикистан по реализации Договора об углублении интеграции в экономической и гуманитарной областях от 29 марта 1996 года и соглашениям о Таможенном Союзе в составе согласно приложению.

2. Наделить Председателя Комиссии правом, по согласованию с министерствами и ведомствами Республики Таджикистан, привлекать к своей деятельности других ответственных работников, а также подготовки предложений по участию экспертов в заседаниях рабочих групп Интеграционного комитета.

3. Председателю Комиссии ежемесячно по результатам заседаний Интеграционного комитета информировать Правительство Республики Таджикистан о проделанной работе.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан           Э.Ш. Рахмонов

Председатель

Правительства Республики Таджикистан           Э.Ш. Рахмонов

от 16 июля 1998 года, №239

г. Душанбе

от 16 июля 1998 года, №239

г. Душанбе

Приложение

к постановлению Правительства Республики Таджикистан

от 16 июля 1998 года, № 239

Приложение

...