ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи стратегияи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2005-2015
Мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Стратегияи замимагардидаи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2005-2015 тасдиқ карда шавад.
2. Ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шавад, ки дар якҷояги нақшаи татбиқи Стратегияи мазкурро таҳия ва тасдиқ намоянд.
3. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
аз соли 2005 cap карда, дар марҳилаи аввал бо усули таҷрибави ва минбаъд дар ҳама минтақаҳои ҷумҳури татбиқи механизми маблағгузории сарикасии кӯмаки аввалияи тиббию санитариро дар доираи маблағҳои пешбинишуда таъмин намоянд;
оид ба тағйир додани системаи маблағгузории кӯмаки тиббии бистарикунони дар асоси принсипҳои маблағгузории ҳар як ҳолати муолиҷа, гузаронидани чорабиниҳои лозимиро таъмин намоянд;
ҷиҳати дар соҳаи тандурусти нигоҳ доштани маблағҳое, ки дар ҷараёни ислоҳот ва таҷдиди сохтор сарфа карда мешаванд, таклифҳо пешниҳод намоянд.
4. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба давра ба давра гузаронидани таҷдиди шабакаҳо ва системаи расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитари ва хадамоти бистарикунони чораҳо андешад.
5. Назорати иҷрои ин қарор ба зиммаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
...